Соҳибкорон неруи тавонои пешбарандаанд.

  • Posted on: 24 September 2020
  • By: korbar

23 сентябри соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон вохӯрии раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. бо соҳибкорони ноҳия баргузор гардид, ки ҳадафи он вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ буд.

Раиси ноҳия саҳми соҳибкоронро дар рушди ҷомеа ва ободонии диёр бориз арзёбь намуда, барои бунёди иншооти зиёди таъиноти гуногун дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба онҳо изҳори сипос намуд.

Зимни суханронии раиси ноҳия зикр карда шуд, ки “Бо фароҳам омадани шароити мусоид соҳаи соҳибкорӣ дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз таҳким ёфта истодааст. Имрӯз 7076 нафар сокинони ноҳия ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Дар давоми ҳашт моҳи соли равон бо саҳми соҳибкорони ноҳия ба миқдори 1,6 млн. тонна семент 3103 тонна оҳаки сохтмонӣ, 199,3 ҳазор дона гаҷкартон, 507,6 тонна нахи пахта, 60,3 тонна риштаи бофандагӣ, 1,5 млн. дона хишти сохтмонӣ 8155 тонна орд истеҳсол гардида, 353,4 ҳазор тонна семент ба маблағи 140 млн. 551,4 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Дар ин давра корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии ноҳия ба маблағи 960 млн. 233 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,5 млн. сомонӣ зиёд аст.

Сохтмончиёни ноҳия дар ин давра 56 иншооти гуногунтаъинотро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Дар доираи «Соли чароғонкунии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот» то ин ҷониб дар 2,5 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ёвон-Душанбе, 1,3 км, роҳи Ёвон-А.Ҷомӣ ва зиёда аз 70 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи ҳудуди деҳоту шаҳраки ноҳия бо саҳми соҳибкорони бунёдкор корҳои чароғонкунӣ анҷом дода шудааст.

Айни замон дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ доир ба соҳаҳои коммуналӣ, тандурустӣ ва кишоварзӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар ин доира то имрӯз 52,6 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст.

Маблағи умумии қарзҳои имтиёзнок аз муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2018-2020 барои амалисозии 5 лоиҳа 31,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Алҳол 2 лоиҳаи дигар ба муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 28 млн. сомонӣ пешниҳод гардида, дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд.

Фаъолияти пурсамари корхонаҳо ва субъектҳои соҳибкориии «Моҳир семент», «Ғаюр семент», «Ваҳдат», «Криолит», «Истиқлолият-25», «Муаллими Файзалӣ»,   «Мурғи беҳамто», «Конструктор», «Ёсини Ёвон» «Кипарис-2010», ҶДММ «Ансор», ҶДММ «Тиҷорат ва Меҳргон», ҶДММ «Наврӯз» ва чандин соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла Баҳриддин Ҷурахонов, Акбар Асадулло, Илҳом Мирзоев, Шералӣ Тағоев, Мухторхуҷа Қоризода, Исмат Гадоев, Фатҳиддин Нуров, Абдуҷамил Шукуров, Абдусамад Пирматов, Шералӣ Мирзаков, Нурмаҳмад Муродов, Ҷамшед Тағоев, Исомиддин Ҳакимов, Фирӯз Назаров, Нурулло Раҳмонов, Далер Шарипов, Файзулло Маннонов, Насимҷон Абдураҳимов ва дигарон  дар пешрафту ободонии ноҳия хеле назаррас аст.

Иштироки соҳибкорон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ низ лоиқи таҳсин аст. Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон ба маблағи беш аз 1,5 млн. сомонӣ кумакҳои моддию молӣ расонида шудааст”.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия Шералӣ Тағоев ба сухан баромада изҳор дошт, ки соҳибкорон бо мақсади дар сатҳи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолият корҳои созандагиро вусъат дода, омодаанд, ки дар се самти даромадгоҳҳои ноҳия дарвозаҳои рамзӣ бунёд ва дар назди бозори “Ансор”, муҷассамаи “Модар” ва беморхонаи марказӣ чароғакҳои раҳнамо (светофорҳо) насб намоянд.

Ҳамчунин, Ш.Тағоев ба соҳибкорон пешниҳод намуд, ки “Фонди ободонӣ” ташкил карда, барои ҷоннок намудани тадбирҳои созандагӣ саҳми бештар гузоранд.

Директори корхонаи азими “Хуаксин Ғаюр семент” Акбар Асадулло пешниҳод кард, ки соҳибмулкони дӯконҳо ва дигар нуқтаҳои савдо бо истифода аз масолеҳи якхела назди коргоҳҳояшон, яъне шафати шоҳроҳҳои маркази ноҳияро мувофиқи меъёрҳои шаҳрсозӣ сафолакпӯш намуда, бо сабзонидани гулу гулбуттаҳо кӯчаҳои шаҳракро ободу зебо гардонанд. Ассотсиатсияи соҳибкорон корҳои ободониро барои як давраи муайян (масалан як моҳи оянда) ба нақша дароварда, рафти иҷрои онҳоро дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назорат кунад.

Намояндаи корхонаи азими дигар “Моҳир семент” Барфихон Холов қайд намуд, ки қабл аз таҷдиди роҳҳои маркази ноҳия бояд тадбирҳои коммуникатсионӣ ба пуррагӣ ба нақша гирифта шаванд, то дар оянда зарурати кандани ин ё он қитъаи роҳҳо ба миён наояд.

Намояндаи ҶДММ “Тоҷметпласт” Акбар Азимов ба раиси ноҳия барои таваҷҷуҳ намудан ба соҳибкорон, инчунин барои мусоидат дар фаъолияти Клуби футболи “Моҳир” миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки Ассотсиатсияи соҳибкорон дар ягон макони мувофиқ идораи корӣ ташкил намуда, барои шунидани пешниҳодҳои аъзои Ассотсиатсия ва вусъат додани корҳои созандагӣ моҳе як маротиба ҷаласаҳо даъват намояд. Дар ин сурат метавон тамоми соҳибкоронро ба созандагӣ ҷалб намуда, сатҳу сифати корҳоро мувофиқи матлаб ба роҳ монд. “Хуб мешуд, ки натиҷаи ободкориҳои соҳибкорон дар саҳифаҳои рӯзномаи “Субҳи Ёвон” инъикос ёбанд. Ин тадбир барои ҳавасмандии соҳибкорон ва ҳиссагузории онҳо дар бунёдкориҳои минбаъда мусоидати фаъол хоҳад дошт”- гуфт А.Азимов.

Директори ҶДММ “Кипарис-2010” Рустам Маханов, бинобар сабаби ба берун аз ноҳия баровардани ҳосили пахта аз тарафи кишоварзон, изҳори нигаронӣ намуд ва афзуд, ки агар пахтаи дар ноҳия рӯёнидашуда дар корхонаҳои дохилӣ коркард шавад, ба буҷети ноҳия нафъи зиёд мерасад. Корхонаҳои коркарди пахтаи дар ноҳия фаъолиятдошта пурра омодаанд, ки маҳсули ранҷи деҳқононро бо нархҳои барои онҳо дилхоҳ харидорӣ намоянд.

Раиси ноҳия аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки бо Нақшаи генералии шаҳраки Ёвон шинос шуда, бо бунёди истиқоматгоҳҳои бисёрқабата, боғҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти хуштарҳу замонавӣ дар ободу зебо гардонидани маркази ноҳия саҳм бигиранд.

Дар охир раиси ноҳия ба саволҳои соҳибкорон ҷавобҳои мушаххас дода, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои судманди мақомоти иҷроия ва соҳибкорони боору номуси ноҳия боиси рушду нумӯи бештари ноҳия хоҳанд гашт.

Муовини соҳавии раиси ноҳия Саъдуллозода Н., раисони ҷамоатҳо, бахши меъморӣ (Раҷабов А.), корхонаи “Лоиҳакаш” (Ғиёсов И.), муассисаи нигоҳдории роҳҳо (Муродов Р.), раёсати коммуналӣ (А.Аҳмад), муассисаи кабудизоркунӣ (Азимов М.), идораи сӯхторхомӯшкунӣ (Азимов М.) ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ҳамкориро бо соҳибкорон зичтар намуда, барои ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Ин ҳамоиши соҳибкорони ватандӯсти ноҳия шаҳодати он аст, ки ин нерӯи тавоно сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содиқона ҷонибдорӣ намуда, омодаанд, ки бо пешниҳоди идеяҳои созанда, бо вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ тараққиёти бонизоми диёри худ, яъне як гӯшаи Тоҷикистони азизро таъмин намоянд ва бо ин васила дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.