Хизмат ба Ватан шараф аст.

  • Posted on: 21 September 2020
  • By: korbar

Таҳти ҳамин унвон 21 сентябри соли 2020 дар саҳни Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон як чорабинии калони тарғиботӣ-маърифатӣ доир гардид, ки дар он 140 нафар ҷавононе, ки ихтиёран ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастан мехоҳанд, инчунин, донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва технологӣ-фармасевтӣ, литсейҳои касбии техникӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар ҷавонони фаъоли ноҳия ширкат варзиданд.

Зимни суханронии раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. аз ҷумла зикр гардид, ки: “Фарзандони некному ватандӯсти ноҳияи Ёвон дар қатори дигар фарзандони бонангу номуси Ватан имрӯз дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ далерона хизмат карда, ҳимояи Ватан-Модарро вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги худ мешуморанд...

Ватан макони поку муқаддасест, ки моро дар оғӯши гарму пурмеҳраш ба воя мерасонад ва мо дар фазои орому осудаи он хотирҷамъона кору зиндагӣ мекунем. Бинобар ҳамин, ҳар яки мо, алалхусус, ҷавононро зарур аст, ки ба Ватани худ содиқ бимонем ва муҳофизати онро барои худ мояи шаъну шараф бидонем”.

Ёдрас мешавем, ки бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва махсусан дастгирии бевоситаи раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. имсол қариб 200 нафар ҷавонон пеш аз хизмати ҳарбӣ дар курсҳои кутоҳмуддати назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва шуъбаи шуғли аҳолии ноҳия таҳсил намуда, соҳибкасб шуда истодаанд ва чунин ташаббускорӣ боис гардидааст, ки имсол шумораи онҳое, ки бо хоҳиши худ ба сафҳои Артиши миллӣ шомил шуданро доранд, нисбат ба солҳои пешин бамаротиб афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, дар рафти чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Қутбиддин Сафархолов, собиқадори соҳаи мудофиа Насрулло Содиқов, намояндагони сарбозони Қисми Низомии 6593, даъватшавандаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия суханронӣ карда, хизмат ба Ватанро барои ҳар як ҷавон мояи шараф ва ифтихор маънидод карданд.

Боварӣ дорем, ки имсол дар ноҳия нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали мавсим иҷро мегардад. Сол то сол баланд гардидани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии насли наврас боиси ифтихору сарфарозист.