Футбол бештар аз бозист.

  • Posted on: 18 September 2020
  • By: korbar

 Воқеан, футбол ҳамчун беҳтарин намуди варзиш бештар аз як бозӣ буда, дар қиёс бо ҳама намудҳои варзиш мухлисони зиёд дорад. Барои мухлисони ин намуди варзиш аз ноҳияи Ёвон боиси ифтихор аст, ки дастаи дӯстдоштаи онҳо “Моҳир” дар мавсими соли гузашта миёни дастаҳои Лигаи 2-юми вилояти Хатлон соҳиби ҷойи якум гашта, имсол дар Лигаи якуми футболи Тоыикистон бозь мекунад. Бо вуҷуди он ки сатҳи бозиҳо дар Лигаи якум баландар ва талабот ба бозингарон ҷиддитар аст, аъзои дастаи “Моҳир” таҷрибаи худро тадриҷан бой намуда, ҳамчун бозингарони касбӣ зина ба зина боло мераванд. Рӯзи 17 сентябр раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. роҳбарият ва аъзои Клуби футболи “Моҳир”-ро ба ҳузур пазируфта, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ орост. “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пайваста аз вазъи иқтисодии дастаи футболи “Моҳир” ва ҳолати равонии аъзои он бохабар шуда меистад ва аз ҷониби худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки баҳри пешравии онҳо мусоидат намояд. Роҳбарият ва аъзои даста дар сурати пайдо шудани зарурат метавонанд ба дастгириҳои мо умедвор бошанд”,- зикр намуд раиси ноҳия. Директори Клуби футболи “Моҳир” Хусрав Бобобеков ва сармураббии даста Сиявуш Боев аз номи роҳбарият ва аъзои даста ба раиси ноҳия барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳояшон изҳори миннатдорӣ карда, ба нишони эҳтирому қадрдонӣ ба он кас Нишони сарисинагии Клуби футболи “Моҳир” ва як ҷуфт либоси варзишӣ тақдим намуданд. Умедворем, ки дастаи “Моҳир” ба номи худ сазовор монда, дар бозиҳои боқимондаи мавсими ҷорӣ хотири мухлисонашро болида месозад