Шоҳидони таърихи ҷанги ватании солҳои 1941-1945.
Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷ.Ҳ. ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Сафархолов Қ. иштирокчиёни ҶБВ-ро аёдат намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо туҳфаҳои молиявӣ тақдим намуданд. Ёдрас мешавем, ки дар радифи 3000 сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон аз ноҳияи Ёвон 2500 нафар дар ҷабҳаҳои он ҷанги фалокатбор иштирок намуда, беш аз 1000 нафар дар ҳифзи Ватан қурбон шудаанд. Аз зиёда аз 1000 нафар ёвониҳое, ки аз ҷабҳаҳои ҷанг баргашта буданд, ҳоло ҳамагӣ 3 нафар дар қайди ҳаётанд, ки инҳо Қаландаров Раҳмат аз деҳаи Чойхона (таваллудаш 1917), Дарвешов Хуҷа аз деҳаи Озодӣ (таваллудаш 1925) ва Сулаймонов Абдулло аз деҳаи Боғдара (таваллудаш 1927) мебошанд. Ҳайитов Бобоҷон аз деҳаи Оби Мӯкӣ (таваллудаш 1930) дар он солҳои мудҳиш ҳамчун заҳматкаши ақибгоҳ барои таъмини ғалабаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ аз болои Олмони гитлерӣ саҳмгузорӣ намудааст. Барҳақ, аёдати ин шоҳидони зиндаи ҷанги ватании 1941-1945 кори савобест, ки моро ба арҷгузорӣ нисбати падару бобоёни фидокору далерамон ҳидоят мекунад