МУРОҶИАТНОМАИ НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕИ НОҲИЯИ ЁВОН БА ҲАМВАТАНОН ОИД БА ИЗҲОРОТИ “ГУРӮҲИ 24”-И ХИЁНАТПЕША Ё НАЙРАНГ-ШОУИ ҲАСУДОН

  • Posted on: 17 September 2020
  • By: korbar

Мо- намояндагони ҷомеаи ноҳияи Ёвон Изҳороти “Гурӯҳи 24”-ро аз 14 сентябри соли 2020 оид ба Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон найранги навбатии ин гурӯҳи хиёнатпеша арзёбӣ намуда, дар муқобили он якдилона изҳор медорем, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ноҳияи Ёвон, бозгӯкунандаи иттиҳоди миллӣ ва ҷонибдории тараққихоҳона аз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар назди таърих 29 ё 30 сол ҳамагӣ як лаҳза аст, аммо Давлати навини миллати тоҷик дар ҳамин муддати кутоҳ тавонист, ки рукнҳои бунёдии худро устувор намуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил, озод, ягона, дунявӣ ва демократӣ эътироф гардад. Ин кори саҳлу сода нест ва таърихи давлатдории олам шоҳид аст, ки чунин бахту иқбол на барои ҳар халқу миллат насиб шудааст. Имрӯз нахустин талабот барои ҷомеаи Тоҷикистон, барои тоҷикони бурунмарзӣ, барои ҳар нафаре, ки сидқан рафоҳи Ватанро мехоҳад, ваҳдату ягонагӣ ва дар атрофи як идеяи муттаҳидкунанда ҷамъ омадан аст. Кишвари мо дар радифи кишварҳои рӯ ба рушд пеш меравад ва дар саромади ин раванди прогрессивӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. Мардуми Тоҷикистон, новобаста аз мушкилоти мавҷуда ва таъсироти манфии гурӯҳҳои ғаразманд, бо матонату қавииродагӣ Ватани аҷдодии худро обод мекунанд ва пояҳои Давлати миллии худро таҳкиму тақвият мебахшанд. Ҳодисаҳои нангину даҳшатбори солҳои 90-уми асри гузашта, ки меваи сиришти нопоки аҳримансифатоне ба мисли гурӯҳи мазкур ва Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби ба номи ислом буд, барои сокинони Тоҷикистон сабақи талхе ҳастанд, ки ҳаргиз натиҷаҳои пурфалокати онҳо фаромӯш намешаванд. Айнан, ана ҳамин гуна изҳоротҳои мардуми “гандумнамои ҷавфурӯш” буданд, ки бародарро душмани бародар карда, сабабгори бадбахтиҳои зиёд шуданд. Он ҷароҳатҳое, ки бадани миллатро хуншор ва худашро ба вартаи нобудӣ наздик карда буданд, акнун сиҳат ёфта истодаанду Тоҷикистон ҳамчун ҷавони 30-сола собитқадамона ба пеш меравад. Шуъбадабозиву найрангҳои шайтонсифатонаи чунин гурӯҳҳои ҳасуду ғаразманд қиссаи роҳиби тарсоро аз "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба ёд меорад, ки дастёри Иблис шуда, бо суханони духӯра ва фиребанда ҳазорон мардуми бегуноҳро ба ҳалокат мерасонад.

Мо сокинони ноҳияи Ёвон аз ҳама ҳамватанони азиз хоҳишмандем, ки фирефтаи фалсафафурӯшиҳои “Гурӯҳи 24”-и хиёнаткор нашаванд. Онҳо дину номуси худро ба ивази пул фурӯхтаанду барояшон “Ватан” ва “арзишҳои миллӣ” барин мафҳумҳои муқаддас арзише надоранд. Мо бо Пешвои миллати худ ба сӯйи ояндаи дурахшон равонаем ва ҳеҷ ҳасуде, нотавонбине моро аз ин роҳи рост боздошта наметавонад. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, зинаи нави пешрафт ва заминаи рушди кишвари азизи мо хоҳад буд.

Муроҷиатномаи мазкур дар ҷамъомади васеи намояндагони ҷомеаи ноҳияи Ёвон қабул гардид