Ташрифи Дун Веймин ба ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 23 May 2017
  • By: admin

Рӯзи 22 май ҳайати кории шаҳри Хуаншии музофоти Хубэйи Ҷумҳурии мардумии Чин таҳти роҳбарии мири шаҳр Дун Веймин бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва бародаршаҳр эълон намудани ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуанши ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд.
Дар ҷараёни гуфтушуниди тарафҳо раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ва мири шаҳри Хуанши Дун Веймин Протокол оид ба ҳадафҳои ҳамкориро ба имзо расониданд. 
Мутобиқи Протоколи мазкур дар оянда миёни ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуанши Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида хоҳад шуд. 
Ёдовар мешавем, ки яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ширкати "Хуаксин" дар шаҳри Хуанши фаъолият мекунад ва ҶДММ "Хуаксин Ғаюр семент"-и ноҳияи Ёвон аз ҷониби ширкати мазкур ва соҳибкори маҳаллӣ Ғуломов Акбар таъсис дода шудааст.