Ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 11 September 2020
  • By: korbar

11 сентябри соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон таҳти раёсати раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҷаласаи васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, ки дар он муовинон ва роҳбари дастгоҳ, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони участкаҳои интихоботӣ оид ба Интихоботи Президенти ҶТ, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолони ноҳия ҳузур доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

  1. Андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии пандемияи Covid-19.
  2. Ҷараёни корҳои саҳроӣ дар самти ҷамъоварӣ ва ба нуқтаҳои қабул супоридани ҳосили пахта.
  3. Вазъи омодагӣ ба мавсими даъвати ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ.
  4. Вазъи омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ба Интихоботи Президенти ҶТ.
  5. Рафти обуна ба нашрияҳои давлатӣ.
  6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси ноҳия масъалаҳои зикргардидаро таҳлил ва баррасӣ карда, бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии сирояти нави коронавирус Covid-19, тезонидани ғунучини пахтаи рӯёнидашуда ва ба пуррагӣ ба корхонаҳои коркард супоридани ҳосил, дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, омодагии ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ ба Интихоботи Президенти ҶТ, вусъат бахшидани тадбирҳо оид ба обунашавӣ ба нашрияҳои давлатӣ ба муовинони раиси ноҳия ва дигар масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тавре ки зикр намуда шуд, корҳои барқарорсозии пули калонҳаҷми кӯчаи ба номи Р.Раҷабови шаҳраки Ёвон дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, тибқи лоиҳаҳои тасдиқгардида рӯзҳои наздик бо дастгирии соҳибкорони соҳибноми ноҳия азнавсозии роҳҳои мошингарди маркази ноҳия оғоз мегардад.

Роҳбарони соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муваззаф карда шуданд, ки ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ чораҳои мушаххас андешида, барои дар сатҳи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ аз ҳама шароиту имкониятҳо самаранок истифода баранд.