Истиқлолияти давлатӣ шараф ва номуси миллат, заминаи асосб барои солимии ҷисмонӣ ва рӯҳонии аҳли ҷомеа мебошад.
Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо намояндагони соҳаи тандурустии ноҳия вохӯрӣ намуда, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 53 нафар мутахассисони шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳияро барои гузоштани ҳиссаи арзанда дар пешгирии паҳншавии коронавируси нав- Covid-19 бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои молиявӣ қадрдонӣ кард.
Раиси ноҳия дар рафти суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки бо талошу заҳматҳои табибон, албатта, мо ва аҳли ҷомеаи мо ба ҳама гуна хатарҳои ба саломатии мардум таҳдидкунанда ғолиб меоем.