Машқҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 23 April 2017
  • By: admin

Аз 18 то 22 апрели соли 2017 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони тамоми корхонаву муассисаҳо машқҳои мукаммал мудофиаи гражданӣ оид ба масъалаҳои эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои фавқулода гузаронида шуд. 
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия дар ҷараёни машқҳои мазкур рӯзҳои 20 ва 21 апрел бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ- омадани сел ва ярч дар деҳаҳои Тутак ва Т.Солеҳи деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов омодабошии худро зоҳир намуданд. Дар ин чорабинӣ беш аз ду ҳазор нафар иштирокчиёни машқ ва сокинони деҳаҳои мазкур ширкат варзида, омодагии худро баҳри рафъи офатҳои табиӣ нишон доданд. 
Нуҳ нафар иштирокчиёни фаъоли машқ бо сипосномаҳои раиси ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд.