Собиқадорон сазовори эҳтироманд.

  • Posted on: 30 July 2020
  • By: korbar

30 июли соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон маросими супоридани мукофот - Медали ҷашнии 75-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ба раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ёвон Қутбиддин Сафархолов баргузор гардид.

Раиси Шӯрои куҳансолони “Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон” Шомалангзода Саидқул зикр намуд, ки Шӯрои собиқадорони ноҳияи Ёвон таҳти сарварии Қ.Сафархолов дар миёни шӯроҳои собиқадорони шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти назаррас дошта, тарзу усули коргузории он шоистаи таҳсин ва лоиқи пайравӣ мебошад.

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро қабл аз тақдими мукофот оид ба кору фаъолияти намунавии узви шӯроҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии собиқадорони меҳнат, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Ёвон Қутбиддин Сафархолов сухан гуфта, нақши Шӯрои мазкурро дар тарбияи насли наврас, рушди бонизоми ҷомеа, ташаккули сулҳу субот ва амалисосии сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ назаррас донист.

Бо Медали ҷашнии 75-СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ва ҷоизаи Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати вилояти Хатлон қадрдонӣ гардидани Қ.Сафархоловро аҳли толор- меҳмонон аз Раёсати ШВКД ҶТ дар вилояти Хатлон ва фаъолони ноҳияи Ёвон хуш иқтиқбол намуданд. Кафкӯбиҳои иштирокдорони чорабинӣ шаҳодати он буд, ки ин марди хирад дар миёни ҷомеа маҳбубияти хоса дорад ва бо кору рафтори ватандӯстонаи хеш намунаи ибрат аст.