РУШДИ КИШОВАРЗӢ - КАФИЛИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ АҲЛИ ДЕҲОТ.

  • Posted on: 28 July 2020
  • By: korbar

Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷ.Ҳ. бо мақсади таъмини рушди бонизоми соҳаи кишоварзии ноҳия рӯзи 28 июли соли 2020 дар ҳудуди шаҳраки Ҳаёти Нав, деҳоти Ноорин ва Чоргул бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ғаллакорон, лимӯпарварон, боғдорон, тухмипарварон, занбӯрпарварон ва чорводорон аз наздик шинос шуда, дар корҳои шинонидани картошка иштирок намуда, барои омодагии корхонаҳои коркарди пахта ба мавсими дарпешистода ба масъулин ва мутахассисони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мавриди зикр аст, ки деҳқонону чорводорон ва дигар заҳматкашони шаҳраку деҳоти мазкур ҳамасола ҳосили баланди пахта, полезиҳо, хӯроки дурушти чорво, ҷуворимаккаи дон ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнида, бо парвариш намудани чорвои хушзот дар рушду тарақии ноҳия саҳми арзанда мегузоранд. Боздиди раиси ноҳияи Ёвон аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 27 июл оғоз гардида, дар мавсими корҳои саҳроӣ мунтазам идома меёбад