Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ноҳия

  • Posted on: 21 March 2017
  • By: admin

Имрӯз бо иқдоми Пешвои миллат дар кишвар Фестивали намудҳои варзиши миллӣ баргузор гардида истодааст. Ин лаҳзаҳо дар варзишгоҳи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо иштироки раиси ноҳия ва беш аз 3000 варзишгарону ҷавонон аз рӯи 5 намуди варзиши миллӣ гузашта истодааст. Дар мусобиқаҳо зиёда аз 40 даста ширкат доранд.
Пеш аз оғози Фестивал маросими кушодашавӣ ва роҳпаймоии варзишгарон доир мегардад ки дар он собиқадорони соҳаи варзиш ширкат меварзанд. 
МУСОБИҚАҲО 5 рӯз идома меёбанд.