Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ёвон, 9 июли соли 2020.

  • Posted on: 10 July 2020
  • By: korbar

9 июли соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ анҷом дода, бо рафти сохтмони як қатор иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла Фермаи чорвои калони гӯштии ҶДММ «Мармарӣ» дар деҳоти Обшорон, бинои истиқоматии бисёрошёна дар кӯчаи Меҳвари шаҳраки Ёвон, коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои таҳпӯши кӯдакона ва дӯзандагии фабрикаи «Ваҳдат», рафти барқарорсозии пули мошингузар дар кӯчаи ба номи Р.Раҷабови шаҳраки Ёвон, боғчаи бачагонаи хусусӣ дар кӯчаи ба номи А.Ғуломови шаҳраки Ёвон, комплекси нотамоми беморхонаи марказии ноҳия ва майдончаҳои варзишии болопӯшида дар деҳоти Даҳана, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, шинос шуданд.

Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафари корӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Саховат» воқеъ дар деҳоти ба номи Г.Юсуфова ошноӣ пайдо намуда, дар бошишгоҳи хоҷагии мазкур бо фаъолони ноҳия мулоқот оростанд. Сарвазири мамлакат доир ба масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда, дар шароити мушкилии иқтисодӣ, ки вобаста ба сирояти Cоvid-19 тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, масъулинро ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз заминҳои кишт, омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолият даъват намуданд.