Амирбеки Темур - Раиси ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Амирбеки Темур  25 декабри соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси котиби ташкилоти ҳизбии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон оғоз намуда, сипас дар мансабҳои раиси комиссияи тафтишотии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, раиси раёсати колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, муовини аввали раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва муовини сардори Идораи кишоварзии вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 2004-2006 дар мансаби Раиси ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Аз соли 2007 то ба имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.