Боздиди раиси вилояти Хатлон аз коргоҳи коркарди меваю сабзавоти кооперативии истеҳсолии “Мирзоӣ”

  • Posted on: 4 July 2020
  • By: korbar

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон рӯзи 3 июли соли 2020 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон бо рафти корҳои васлгарию муҷаҳҳазгардонӣ дар коргоҳи коркарди меваю сабзавоти кооперативии истеҳсолии “Мирзоӣ” (роҳбараш Муродов Нурмуҳаммад) шинос шуданд.

Коргоҳи мазкур бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, дар як рӯз то 1,2 тонна шарбати балансифати мева ва консерваҳои сабзавотӣ истеҳсол менамояд.

Дар назди коргоҳ сардхона барои 600 тонна сабзавоту мева сохта шуда, шурӯъ аз фасли тирамоҳи соли ҷорӣ ва фаъолият оғоз мекунад.