Боздиди раиси вилояти Хатлон аз рафти сохтмони майдончаҳои варзишии болопӯшида дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон.

  • Posted on: 4 July 2020
  • By: korbar

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон рӯзи 3 июли соли 2020 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон бо рафти сохтмони майдончаҳои варзишии болопӯшида дар деҳоти Даҳана шинос шуданд.

Майдончаи якум дар шаҳраки саноатии ноҳия ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ  бо мақсади ташвиқу тавсеаи тарзи ҳаёти сол дар миёни аҳолӣ, хусусан насли наврас, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нуров Рауфҷон бунёд гардида истодааст.

Дар шафати он ҳаммом, хонаи либосивазкунии варзишгарон ва ҳоҷатхона ҷойгир кунонида шудааст. Дар саҳни варзишгоҳ ҷои истироҳатӣ-фароғатӣ ва дар оянда нуқтаи мошиншӯӣ ва ҳавзи шиноварии болопӯшида бунёд карда мешавад.

Майдонча дар як вақт барои 14 нафар пешбинӣ гардида, новобаста аз вазъи ҳаво, фаъолият дошта метавонад.

Бо бунёд гардидани иншоот 8 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.

Майдончаи дуюм дар гардиши деҳаи Даҳана ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ  аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Гулов Ҷамолиддин бунёд гардида истодааст.

Дар шафати он ҳаммом, хонаи либосивазкунии варзишгарон ва ҳоҷатхона ҷойгир кунонида шудааст. Дар саҳни иншоот барои мошинҳо таваққуфгоҳ муҳайё гардидааст.

Дар варзишгоҳи мазкур ҷавонони деҳаҳои Даҳана, Ғарав, Ҷавонӣ ва дигар маҳаллаҳои деҳоти Даҳана метавонанд машқу тамрин намоянд.  

Майдонча дар як вақт барои 14 нафар пешбинӣ гардида, новобаста аз вазъи ҳаво, фаъолият дошта метавонад.

Бо бунёд гардидани иншоот 3 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.