Боздиди раиси вилояти Хатлон аз рафти бунёди боғчаи бачагонаи хусусӣ  дар ноҳияи Ёвон.

  • Posted on: 4 July 2020
  • By: korbar

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон рӯзи 3 июли соли 2020 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон бо рафти бунёди боғчаи бачагонаи хусусӣ

воқеъ дар кӯчаи ба номи А. Ғуломови шаҳраки Ёвон шинос шуданд.

Айни замон дар калонтарин маҳаллаи шаҳраки Ёвон- маҳаллаи Ҷомӣ ду муассисаи томактабӣ мавҷуд бошад ҳам, ин талаботи зиёда аз 14000 сокинонро қонеъ гардонида наметавонад. Аз ҳамин ҷиҳат соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар доираи иншооти ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирифташуда тасмим гирифтааст, ки барои кӯдакони маҳаллаи болозикр як боғчаи нави бачагона сохта ба истифода диҳад.

Боғчаи мазкур аз се бино иборат буда, ба маблағи 21 млн. сомонӣ барои 315 нафар кӯдакон бунёд карда мешавад. Бо бунёд ёфтани боғча 35 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.

Иншоот то ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.