Реҷаи “Ниқоб”.

  • Posted on: 20 June 2020
  • By: korbar

20 июни соли 2020 кормандони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи корҳои дохилӣ, гурӯҳи “Авангард”, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва волонтёрон дар бозорҳои марказии ноҳия ва кӯчаву роҳравҳо аксияи иттилоотии “Реҷаи ниқоб” гузарониданд.

Дар ҷараёни ин чорабинии фаҳмондадиҳӣ бо сокинону меҳмонони шаҳраки Ёвон, тоҷирону кормандони бозорҳо суҳбатҳои сарироҳӣ гузаронида шуда, зиёда аз 700 дона ниқоб тақсим карда шуд.

Ба шаҳрвандон таъкид карда шуд, ки ба хотири нигоҳ доштани саломатии худ ва дигарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бениқоб гаштугузор накунанд.