Машварати корӣ.

  • Posted on: 20 June 2020
  • By: korbar

19 июни соли 2020 дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон, бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати кишвар ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 16 ва 17 апрели соли равон баён гардидаанд, инчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки рӯзи 30 май зимни вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара иброз гардидаанд, гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ анҷом дода, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, рафти корҳои саҳроӣ ва кишти такрории зироатҳо, инчунин, бо ҷараёни корҳои омодагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Паз аз боздиди аъзои гурӯҳи корӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба вазъи корҳои саҳроӣ ва ободонию бунёдкорӣ дар ҳудуди ноҳия машварати корӣ доир гардид.

Роҳбари гурӯҳи кории вилоятӣ сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Амирбеки Темур натиҷаҳои кори аъзои гурӯҳро натиҷагирӣ карда, зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва сарварони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар мавриди риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосил, вусъат додани кишти такрорӣ, тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта, дар ин самтҳо тадбирҳои зиёдеро ба сомон расонида, шуда бошанд ҳам, баъзе норасоиҳо низ ҷой доранд.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба аъзои гурӯҳи корӣ изҳори ташаккур намуда, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарони гурӯҳи корӣ оид истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ-ро вазифадор намуд, ки камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро дар муҳлатҳои кутоҳтарин бартараф намоянд