«Ҷумҳурият» таҳти унвони «Пайрави Пешво» озмун эълон менамояд!

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» бахшида ба Соли ҷавонон бо мақсади муаррифии ҷавонони муваффақу болаёқат дар бахшҳои роҳбарӣ, ихтироот, илму технология, соҳибкорӣ ва дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоии мамлакат таҳти унвони «Пайрави Пешво» озмун эълон менамояд.
Дар озмун ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд. Асарҳо дар доираи талаботи жанрҳои журналистӣ дар ҳаҷми то 3 саҳифа қабул карда мешаванд.
Озмун аз 10 феврал то 10 майи соли 2017 идома ёфта, дар арафаи Рӯзи ҷавонон ҷамъбаст мегардад.
Барои ғолиби ҷойи аввали озмун 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 3000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 2000 сомонӣ мукофоти пулӣ муқаррар карда шудааст.