Ноҳияи Ёвон 126 нафар занони роҳбар дорад

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Дирӯз дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон вохўрии аъзои Раёсати Шўрои занони ноҳия бо собиқадорони меҳнат, бонувони фаъолу пешқадам ва духтарони ноҳия баргузор гардид. 
«Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Гулрухсор Саидзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Сабоҳат Каримова оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд сухан гуфтанд»,-хабар дод манбаъ.
«Аҳолии ноҳия 210 ҳазору 962 нафар мебошад, ки 104 ҳазору 891 нафараш занону духтаронанд. Дар асоси сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 126 нафар занони ноҳия дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Дар интихоботи навбатии вакилон ба мақомоти намояндагӣ, маҷлиси вакилони халқи вилоят 2 нафар, маҷлиси вакилони халқи ноҳия 8 нафар ва маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 33 нафар занон интихоб гардидаанд»,-зикр гардид дар мулоқот.
Инчунин дар соҳаҳои маориф 1 ҳазору 589 нафар, фарҳанг 52 нафар, тандурустӣ 923 нафар, саноат 163 нафар, соҳибкорӣ ва савдо 1 ҳазору 544 нафар, сохтмон 923 нафар, молия ва андоз 8 нафар, почта ва алоқа 5 нафар, кишоварзӣ 16336 нафар занон фаъолият доранд.
851 нафар занони ноҳия роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.