Туҳфаи Пешвои миллат ба табибон.

  • Posted on: 21 May 2020
  • By: korbar

Рӯзи 20 майи соли 2020 туҳфаҳои Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибони ноҳияи Ёвон дастрас гардонида шуд. Туфаҳои Роҳбари давлат, ки дар 7 мошин омада расид, ки аз маводи озуқа: орд, равған, шакар, макарон, картошкаву пиёз ва дигар намудаи сабзавот, ҳамчунин, маводи доруворӣ, анҷому ашёи беморхонагӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва монанди инҳо иборат буд. Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ин ғамахории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро идомаи ташаббусҳои инсонпарваронаи он кас номид, ки баҳри дастгирии табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустӣ равона гардидааст. Кормандони соҳаи тандурустӣ изҳор намуданд, ки дар ҷавоби ғамхориҳои Пешвои миллат софдилона ба халқу миллат хизмат хоҳанд расонд.