Дар хазинаи китобхонаҳои ноҳияи Ёвон қариб 150 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Барои ҷалби хонандагони китобхонаҳои ноҳияи Ёвон дар давоми соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 224 нусха китоби тозанашри бадеӣ, бачагона ва соҳавӣ ба маблағи 2385 сомонӣ ва 2000 дона варақаи хонандагон ба маблағи 600 сомонӣ, инчунин аз ҳисоби буҷаи ноҳия ба маблағи 10000 сомонӣ 229 нусха китоб харид шудааст. 
«Дар хазинаи китобхонаҳои ноҳия 149 ҳазору 886 нусха китоб мавҷуд аст, ки аз ин 46 415 нусха адабиёти тоҷикӣ, 90 319 нусха адабиёти русӣ ва 13159 нусха адабиёт ба дигар забонҳо мебошанд»,-зикр кард манбаъ.
Соли равон аз ҳисоби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 101 нусха китоб ба маблағи 4157 сомонӣ ба тариқи ройгон ба хазинаи китобхона ворид гардид.