Ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа бо роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа-Ёвон» ба ноҳияи Ёвон сафар карданд

  • Posted on: 13 March 2017
  • By: admin

Тибқи барномаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон як гурўҳ ҷавонони фаъоли шаҳри Қӯрғонтеппа, бахусус донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хусрав таҳти роҳбарии сармутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон Беҳруз Бобоев тариқи хатсайри роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа-Ёвон» ба ноҳияи Ёвон рафтанд.
Тавре Эраҷ Раҷабов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҷавонон ба Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал», ки 22 апрели соли 2016 бо саҳми муштараки соҳибкори маҳаллӣ Акбар Ғуломов ва соҳибкорони хитоӣ дар майдони 5,2 га бо харҷи беш аз 130 млн. сомонӣ ба истифода дода шудааст, сафарбар гардида, бо кори корхона ва истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ шинос шуданд.