Дар ноҳияи Ёвон озмуну мусобиқаҳои «Беҳтарин навовари ҷавон», «Беҳтарин хонанда» ва «Беҳтарин гӯштингир» доир мешаванд

  • Posted on: 1 March 2017
  • By: admin

 Бахшида ба Соли ҷавонон ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандории ҷавонон, тақвият додани малакаву маҳорати онҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим, донишандӯзӣ ва ҳунарҷӯӣ миёни насли наврас озмунҳо ва мусобиқаҳои ноҳиявии «Беҳтарин навовари ҷавон», «Беҳтарин хонанда», «Беҳтарин тарроҳи ҷавон», «Беҳтарин тими футбол» ва «Беҳтарин гӯштингир» дар асоси қарори раиси ноҳия эълон гардиданд.
ғолибони озмунҳо ва мусобиқаҳои мазкур то рӯзи таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муайян гардида, дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ ғолибонро бо дипломҳо ва медалҳо сарфароз мегардонанд.