МУРОҶИАТНОМА

  • Posted on: 28 April 2020
  • By: korbar

мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

ба сокинони ноҳия

оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ

 

 Ҳамдиёри муҳтарам,

Ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва истифодаи самаранок аз ҳар порча замин, бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи таъминоти рӯзгор бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи њамагон қарор бигирад.

Дар ҳамин робита, мову шуморо зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замини назди ҳавлии худро оқилона истифода бурда, бо ин васила, хароҷоти рӯзгорамонро камтар ва вазъи иқтисодии оилаамонро беҳтар намоем.

Бинобар ин, хоҳишмандем, ки дар замини назди ҳавлиятон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, наску нахӯд, лӯбиё, мош ва монанди инҳоро кишт намуда, бо ҳосили заҳмати худ як қисмати талаботи рӯзгоратонро таъмин намоед.