ҶОЙИ Ӯ ДАР ДИДА БУД, АКНУН БА ДИЛҲО РАФТААСТ

  • Posted on: 26 April 2020
  • By: korbar

Ҷавонмарде, рафиқе рафт, афсӯс,

Рафиқи бас шафиқе рафт, афсӯс.

 

Рӯзи 13 апрели соли 2020 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон, устоди якчанд насли хизматчиёни давлатии ноҳияи Ёвон, сарвари кордон, коргузори асил, инсони комил, рафиқи шафиқ ва дӯсти мушфиқ Раҷабзода Раҷабалӣ Шариф дар айни камолоти умр аз олам гузашт.

Раҷабзода Р. Ш. ҳамагӣ 60 сол умр дида, 28 соли онро шарафмандона сарфи хизмати давлатӣ кард. Ӯ дар вазифаҳои котиби Комиҷроияи ноҳияи Ёвон (аз 01.02.1993 то 22.01.1994), роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия (аз 22.01.1994 то 12.07.2002), муовини раиси ноҳия (аз 12.07.2002 то 13.03.2006), раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвон (аз 13.03.2006 то 16.08.2011), мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия (аз 10.10.2011 то 06.02.2012) ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (аз 06.02.2012 то рӯзи вафоташ) кору фаъолият намуда, дар ҳама зинаҳои хизмати давлатӣ бо сифатҳои солорӣ, соҳибтахассусӣ, кордонӣ, масъулиятшиносӣ, фидокорӣ, вафодорӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, накӯкорӣ, хоксорӣ, андешамандӣ, жарфбинӣ, мавқеъшиносӣ, сиёсатмадорӣ, дурандешӣ ва хирадмандии худ миёни ҳамкорону ҳамкасбон соҳиби иззату обрӯ ва мавқеи хоса гардида буд.  

Хизматҳояш бо Медали “Хизмати шоиста” ва мукофоти соҳавии Медали “10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудаанд.

Бо ӯ кор кардан ҳам осон буду ҳам гуворо. Маслиҳатҳои оқилонааш мушкилро осон, самимияту садоқаташ муҳити корхонаро дилкашу гуворо менамуд. Эҳтироми роҳбарону зердастонро содицона ба ҷо меовард. Дили бузург дошт.    

Зиндагиро бо нигоҳи ақл медид, дарди ҷомеаро дарди худ медонист ва бахту иқболи дигаронро саодати худ меҳисобид. Бо тамоми вуҷудаш Ватанро дӯст медошт ва дар пайи ободии он ба ҷону дил мекӯшид. Хушбину зиндадил буд, рӯҳи шикастнопазир дошт, ҳеҷ гоҳ аз нокомиҳо афсурдаҳол намешуд. Рафтору пиндори некаш, одамияти камназираш меҳрро, рафоқату дӯстиро, ғамгусорию дардошноиро талқин мекарданд.  

 

Афсӯс, ки бисёр суханҳояш ногуфта, чандин корҳояш нотамом, як дунё армонҳояш ношикаста монданд. 

Дареғо, ки ин ҷавонмарди фозил ва ошнои ҳамдил моро абадан падруд гуфту бо рафтани худ дилҳои моро сахт андуҳгин кард.

Чеҳраи гарму нуронӣ, табассуми малеҳу зебанда, нигоҳи моломол аз муҳаббат, муносибати самимона, дилсӯзиҳои падаронааш асло аз ёдҳои мо зудуда нахоҳанд шуд.

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо гузашт.

Мо, ҳамкорон бо ҳисси баланди масъулиятпазирӣ роҳу равиши ин марди шарифро идома дода, ба ҳадди тавону имкон мекӯшем, то нақшаву ниятҳои некашон ҷомаи амал пӯшанд.

Равонат шод, хонаи охиратат пурнур бод, акои Раҷабалӣ.

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон