Таҷлили «Рӯзи Модар» дар ноҳияи Ёвон

  • Posted on: 7 March 2017
  • By: admin

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки намояндагони  модарону бонувони ноҳия дар толори Кохи фарҳанги ноҳия ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд. 
Раиси ноҳияи муҳтарам Амирбеки Темур ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Модар таҳният гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри амалӣ намудани сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занону духтарон пайваста чораандешӣ мекунад.
Ҳоло аз шумораи умумии занони ноҳия, ки қариб 105 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, 126 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Ҳамчунин, 2 нафар занон дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 8  нафар дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 33 нафар дар Маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, яъне дар маҷмӯъ 43 нафар занони ноҳия ба ҳайси вакил фаъолият намуда истодаанд.
 Занон дар соҳаҳои дигари хоҷагии халқи ноҳия низ фаъолияти назаррас доранд. Алҳол дар соҳаҳои маориф  1 ҳазору 589 нафар, фарҳанг 52 нафар, тандурустӣ 923 нафар,  соҳибкорӣ ва савдо 1 ҳазору 544 нафар, саноат 923 нафар, молия ва андоз 8 нафар, почта ва алоқа 5 нафар,  кишоварзӣ 16 ҳазору 336  нафар занон кор мекунанд. Теъдоди занони роҳбар дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 851 нафарро ташкил медиҳад. 
Барои ривоҷ додани фаъолияти соҳибкорӣ соли 2014 се нафар, соли 2016 як нафар аз ҳисоби бонувони ноҳия ба гирифтани грантҳои Президентӣ, ки аз тарафи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ноил гардиданд.