Наврӯз - навиди сол

  • Posted on: 22 March 2020
  • By: korbar

22 марти соли 2020 дар 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳо ва тантанаҳои наврӯзӣ баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳо дар яке аз деҳаҳои ҳар як ҷамоат ҳамчун чорабиниҳои ҷамоатӣ доир шуданд. Намояндагони ҳама ҷамоатҳо- пиру барно бо шодиву сурур дар наврӯзгоҳҳо ҷамъ омада, ҳамдигарро табрику таҳният мегуфтанду аз таровати Наврӯз ҳузуру ҳаловат мебурданд. Шӯру шавқи ҳамдиёрон шаҳодати он буд, ки Наврӯз ба ҳайси қадимтарин ҷашни инсоният аз сарзамини тоҷикон ва аз аҷдоди баландназари мо оғоз ёфта, сипас тамоми ҷаҳонро тасхир кардаву ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст. Оре, Наврӯз беҳтарин фурсати баҳам омадани одамон, аз гуноҳи якдигар гузаштан, ба рӯи якдигар ханда кардан ва аз зиндагӣ ҳаловат бурдан аст.

Наврӯз айёми созандагиҳост. Дар ин рӯзи фараҳбахш раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 9 иншооти навро, ки аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд гардидаанд, расман ифтитоҳ  бахшиданд. Чунончи, дар деҳоти Норин:

  1. Майдончаи варзишӣ барои футболи хурд.  дар деҳаи Якуми Майи деҳоти Норин, бо саҳми соҳибкор Султонов Сафаралӣ (ба маблағи 120000 сомонӣ, барои 2 ҷойи корӣ).
  2. Мағозаи 2-қабата.  дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Норин, бо саҳми соҳибкор Муқимов Баҳодур (ба маблағи 77000 сомонӣ, барои 3 ҷойи корӣ).
  3. Мағозаи 2-қабата. Бош Қайнари деҳоти Норин, бо саҳми соҳибкор Муртозов Баҳром (ба маблағи 62000 сомонӣ, барои 3 ҷойи корӣ).

 

Дар шаҳраки Ҳаёти Нав:

  1. Майдончаи варзишӣ барои футболи хурд дар деҳаи С.Шерозии ш.Ҳаёти Нав, бо саҳми соҳибкор Тураев Баҳриддин (123000 сомонӣ, 2 ҷойи корӣ).
  2. Майдончаи варишӣ барои футболи хурд. С.Шерозии ш.Ҳаёти Нав, бо саҳми соҳибкор Сатторов Алихон (ба маблағи 133000 сомонӣ, барои 2 ҷойи корӣ).

 

Дар деҳоти Ситораи Сурх:

  1. Дорухона дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Ситораи Сурх, бо саҳми соҳибкор Ҳикматов Юсуфҷон (ба маблағи 65000 сомонӣ, барои 2 ҷойи корӣ).

 

Дар деҳоти Обшорон:

  1. Майдончаи варишӣ барои футболи хурд дар деҳаи Анористони деҳоти Обшорон, бо саҳми соҳибкор Қурбонзода Лоиқ (ба маблағи 155000 сомонӣ, барои 2 ҷойи корӣ).
  2. Хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Оби Мӯкии деҳоти Обшорон, бо саҳми оилаи Алиевҳо (ба маблағи 180000 сомонӣ).

 

Дар деҳоти Даҳана:

  1. Панҷ синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №67. Деҳаи Кӯли деҳоти Даҳана. Ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ (140000- саҳми маҳал, 60000 сомонӣ- сокини деҳа Қаҳҳоров Маъруф).

 

Фардо, яъне 23 март дар маркази ноҳия чорабиниҳои идонаи ноҳиявӣ, бо иштироки намояндагони ҳама шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор мегарданд. Ба ин муносибат дар назди Кохи фарҳанги ба номи Т.Хушвахтов баргузории барномаи театрикунонидашудаи “Наврӯз - навиди сол”, инчунин, дигар чорабиниҳои наврӯзӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, 23 март бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҶТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар деҳоти ба номи Г.Юсуфова боз 2 иншоти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт:

  1. Нуқтаҳои таъмири техника ва мошиншӯӣ дар деҳаи Навкорам, бо саҳми соҳибкори мҳаллӣ Шарипов Далер (ба маблағи 120000 сомонӣ, барои 4 ҷойи корӣ).
  2. Нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва хизматрасонии техникӣ дар деҳаи Сарқамиш, босаҳми соҳибкори маҳаллӣ Ғафуров Салим ( ба маблағи 500000 сомонӣ, барои 6 ҷойи корӣ).