Таъсиси «Корвони маърифат» бахшида ба 20 –солагии Ваҳдати миллӣ

  • Posted on: 2 March 2017
  • By: admin

Бо мақсади ба аҳолии вилоят расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, дохилию  хориҷии мамлакат ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамзамон боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинони вилоят бахшида ба таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ амри Раиси вилоят аз 17 январи соли 2017, №2 ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабинии маърифатию иттилоотӣ таҳти унвони «Корвони маърифат» дар шаҳру ноҳияҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят ва тартиби баргузорӣ, нақшаи чорабиниҳо ва ҷадвали гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангиву иттилоотии он тасдиқ карда шуд.
Таъсиси «Корвони маърифат» дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва сулҳу ваҳдатхоҳии сокинони вилоят, алалхусус ба аҳолӣ, коллективҳои  меҳнатӣ ва фаъолони деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят аз наздик расонидани мазмуну муҳтавои самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ, дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳамзамон дастгирӣ ва ҳамовозӣ аз ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Сарвари мамлакат, ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 мебошад.
Баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангиву иттилоотии «Корвони Маърифат» санаи 11 феврали соли 2017 дар ноҳияи Ёвон доир мегардад.