Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон асоси бунёдии ҷомеаи шаҳрвандист.

  • Posted on: 19 March 2020
  • By: korbar

Рӯзи 19 марти соли 2020 ҷаласаи навбатии Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди раиси ноҳияи Ёвон шуда  гузашт.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок ва муҳокимаронӣ карданд.

Дар ҷаласа гузориши сардори нозироти андози ноҳия Алиев Б. оид ба иҷрои талаботи Кодекси андози ҶТ аз ҷониби андозсупорандагон;, роҳҳои кам кардани бақияпулиҳо ва ҷамъоварии андозҳои мушкилситон шунида шуд.

Раиси Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳияи Ёвон- раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. дар ҷараёни муҳокимаи масъалаи баррасишаванда, зикр намуд, ки воқеан, чуноне мушоҳидаву таҳлиҳо нишон медиҳанд, вақтҳои охир аз тарафи баъзе андозсупорандагон талаботи Кодекси андози ҶТ дар сатҳи қаноатбахш риоя нагардида истодааст, ки ин боиси нигаронӣ буда, ба ҷараёни ғанисозии буҷаи маҳал таъсири манфӣ мерасонад.

Раиси ноҳия, бо мақсади ислоҳи вазъ, аъзои Шӯроро вазифадор кард, ки тадбирҳои саривақтӣ ва муассирро роҳандозӣ карда, нисбати онҳое, ки пардохти андозҳои давлатиро ба таъхир меандозанд, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораандешӣ намоянд.

Масъулини соҳа ва аъзои Шӯро оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи андозсупорӣ изҳори андеша карданд.

Раиси ноҳия ба масъулин, аз ҷумла муовини якуми раиси ноҳия Набизода А.А. ва сардори нозироти андози ноҳия Ализода Б. дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо нозирони минтақавии ШВКД ҶТ дар ноҳияи Ёвон то 27 март бо андозсупорандагони қарздор корҳои ҷаҳмондадиҳӣ бурда, барои бартараф намудани бақияпулиҳо тадбирҳои муассир андешанд. Ҳамчунин, аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дархост ба амал оварда шуд, ки дар ин масъала мусоидат намоянд.

Дар рафти ҷаласа ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва дигар масъалаҳои ҷорӣ низ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.

Раиси Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳияи Ёвон- раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. ҷаласаро ҷамъбаст намуда, аъзои Шӯроро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати Нақшаи корӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони ноҳия масъулияти ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро чигунагии вазъи ҷомеа аз сатҳи маърифати аҳолӣ вобастагии амиқ дорад.