Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум доир гардид.

  • Posted on: 16 March 2020
  • By: korbar

      Имрӯз, 16 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон  таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Саидзода Ҷамшед Ҳамро  иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон , Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат намуданд.

     Дар кори иҷлосия Шарифзода Муҳамадӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  иштирок намуданд.

Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта,  интихоби котибот ба кори худ шуруъ намуд.

    Дар иҷлосия масъалаҳои тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон (даъвати шашум), тасдиқи Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон (даъвати шашум), ташкили комиссияҳои доимӣ ва тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимӣ, дар бораи ташкил намудани комиссияи баҳисобгирӣ, дар бораи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ оид ба пешниҳоди номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ёвон,  дар бораи тасдиқи рӯйхати вакилон Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳия  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

      Оид ба баррасии масъалаи якуми рӯзнома «Дар бораи тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон  (даъвати шашум)» - Холзода Шерафкан раиси комиссияи ноҳиявии интихобот ахборот дод. Номбурда зикр намуд, ки тибқи натиҷаҳои интихоботи баргузоргардида 40 нафар номзадҳо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон  интихоб гардиданд. Баъдан ваколати 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, даъвати шашум, ки 1 марти соли 2020 интихоб шудаанд, тасдиқ карда шуд.

   Раиси маҷлис Саидзода Ҷамшед Ҳамро кулли вакилонро ба муносибати тасдиқи ваколатҳояшон ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи амалисозии ваколати вакилияшон бурдбориҳо орзу намуданд.

      Баъдан тибқи тартиби муқарраргардида вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон дар ҳузури иштирокдорони иҷлосия савганд ёд намуданд.

Ҳамин тариқ ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

      Оид ба пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро - раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия суханронӣ намуда, вакилонро ба шарҳи ҳоли Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович-директори НОБ-и Норак  шинос намуд.

     Баъдан интихоби номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон сурат гирифт. Ҳамин тариқ номзадии Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд.

     Бо баррасии пурра ва қабули қарорҳои дахлдор ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум пӯшида эълон гардид.