ТОҶИКИСТОН  БО  ПЕШВОИ  МИЛЛАТ  БА  ПЕШ!

  • Posted on: 12 March 2020
  • By: korbar

Таърихи давлатдорӣ исбот намудааст, ки барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа муносибати шахсии ӯ нисбат ба муноқишаҳо ва хунрезиҳост. Агар ният ва мароми роҳбар сулҳу субот, оромии кишвар ва ваҳдати халқ бошад, ӯ албатта, ба мақсад мерасад. Зеро ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд ва бар асари онҳо танҳо миллат ва давлат зарар мебинанд. 

Маҳз хирадпешагии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари тозаистиқлоли тоҷик аз таъсири харобиовари ҷаҳонишавӣ ва бозиҳои ҷуғрофӣ-сиёсӣ эмин монд ва имрӯз дар ҳоли рушду тараққӣ қарор дорад.

Ба бахти миллат ва халқи Тоҷикистон ҳама нақшаву ҳадафҳои дурбинонаи Пешвои миллат амалӣ гарданд ва Давлати миллии тоҷикон таҳти роҳбарии ин Роҳбари назаркардаи Худо пояндаву ҷовидон бимонад.