“Модар - биҳишти ман”

  • Posted on: 5 March 2020
  • By: korbar

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро рӯзи 5 март дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо занони собиқадор ва бонувони фаъоле, ки имрӯз аксаран вазифаҳои масъулиятталабро ба дӯш доранд, вохӯрӣ доир намуда, Рӯзи Модарро ба онҳо муборакбод гуфт ва ба ҳар кадоме аз аҳли ҳамоиш туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Худи ҳамин рӯз раиси ноҳия чанде аз занони собиқадор ва куҳансол, аз ҷумла як нафар ҳамсари иштирокчии ҶБВ ва се нафар занони аз 100-сола болоро аёдат ва муборакбодӣ намуд.

Бахшида ба Рӯзи Модар дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови шаҳраки Ёвон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он собиқ муовинони раиси ноҳияи Ёвон Тоҷинисо Худойбердиева, Тоҷинисо Шарифова ва Зумрад Умматзода, занони собиқадору роҳбар, хизматчиёни давлатӣ, духтарони муваффақу фаъол, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар фаъолони ҷомеа ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ин санаи фархундаро ба аҳли нишаст табрик гуфта, хидматҳои шоистаи занони собиқадорро дар рушду нумӯи диёр васф намуд ва наќши арзандаи бонувони роҳбар, ходимони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дар амри пешрафти кунунии ноҳия лоиқи таҳсин хонд.

Дар суханронии раиси ноҳия аз ҷумла зикр гардид: “Итминони комил дорем, ки модарону хоҳарони азизи ноҳияи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат ва тарбияи фарзандони солеҳу  соҳибмаърифат, ободии Ватан ва пешрафти Давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин таманно, ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми занону модарон ва хоҳарони арҷманди ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон тансиҳатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори осуда орзумандам”. 

Барномаи  консертии “Модар - биҳишти ман”, ки тараннумгари меҳру садоқати модар ва назокату латофати бонувон буд, ин чорабинии фарҳангиро ба ҷашнии воқеии модарон, бонувон ва гулдухтарон табдил дод.