Фаъолияти гармхонаҳои замонавӣ дар нощияи Ёвон

  • Posted on: 28 February 2020
  • By: korbar

Имрӯз муовини раиси Вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Ёвон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавӣ шинос шуданд. 196 гармхона дар майдони 14 га замин бунёд шуда, дар он помидору бодиринг парвариш мегардад. Ниҳолҳо ба воситаи гармии офтоб ва обёрии қатрагӣ нашъунамо меёбад. Аз руи маълумоти мутахассисони хоҷагӣ аз ҳар як ниҳол помидор то 8 килограмм ва аз ҳар як бех бодиринг то 5 килограмм ҳосил руёнида мешавад. Ҳосили рӯёнидашуда ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон интиқол дода мешавад. Дар шафати гармхонаҳо инчунин парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ раиси ноҳия хоҷагидоронро барои афзоиши истеҳсолот ва содироти маҳсулоти бозоргир ҳидоят намуд.