Сарбози Ватан ҳастам.

  • Posted on: 22 February 2020
  • By: korbar

21 феврал бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ дар ноҳияи Ёвон чорабиниҳои ҷашнӣ доир гардиданд. Дар оғози чорабиниҳо бо иштироки и. в. Раиси ноҳия муҳтарам Саидзода Ҷамшед, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, собиқадорони ҷанговарони байналмилалӣ ва дигар фаъолон маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи “Зафармандон” баргузор шуд. Иштирокчиёни ин маросими пуршукӯҳ ба ёди онҳое, ки дар сафҳои Артиши миллӣ хизмат карда, қурбон гаштаанд, дақиқае хомӯш истоданд.

Идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар Қисми низомии 6593 гузашт. и. в. Раиси ноҳия афсарону сарбозон, волидони аскарбачаҳо ва тамоми ҳозиринро муборакбод гуфта, собиқадорони соҳаи мудофиа, масъулине, ки дар дар маъракаҳои даъвати ҷавонон ба сафҳои Артиши миллӣ саҳми арзанда мегузоранд, афсарон ва сарбозони фаъолро бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои ҷашнӣ сарфароз гардонид.

Дар суханронии и. в. Раиси ноҳия аз ҷумла зикр гардид: “Ҷаҳони муосир аз насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстиро тақозо менамояд.  

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як соҳибватан, барои ҳар як ҷавони бонангу ор боиси ифтихор аст. Ҷавонон дар ин мактаби мардонагӣ обу тоб ёфта, аз он дарси ватандӯстӣ меомӯзанд ва баҳри пойдории давлати миллӣ, халалнопазирии сарҳади давлатӣ ва дар арсаи ҷаҳон баланд гардидани нуфузу эътибори Ватани маҳбуби худ садоқатмандона саъю кӯшиш мекунанд. Маҳз чунин ҷавонони далеру ватандӯст кафолати устувории рукнҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳ мегарданд”.

Барномаи консертии “Сарбози Ватан ҳастам”, ки аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва сарбозони Қисми низомӣ манзур гардонида шуд, хеле ҷолибу хотирмон буд.