Инъикоси рушд ва мушкилот дар оинаи матбуот.

  • Posted on: 16 February 2020
  • By: korbar

Рӯзи 14 феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо иштироки васеи хабарнигорони ВАО аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2019 нишасти матбуотӣ доир гардид.

 

и.в. Раиси ноҳия Саидзода Ҷ. Ҳ., муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ба суолҳои зиёди хабарнигорони вилоятиву ҷумҳуриявӣ муфассалан посух доданд.

 

Хабарнигорон дар маҷмӯъ 21 саволро матраҳ карданд, ки асоситарини онҳо ба масоили ободонию бунёдкориҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ, таъмири роҳҳои мошингард, ҳифз ва нигаҳдошти мавзеъҳои таърихӣ, ҳолати мелиоратии заминҳои киштшаванда, дастгирии ниёзмандон, ҳолати санитарӣ-эпидемиологӣ, фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дахл доштанд.

 

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ и.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. изҳори боварӣ карданд, ки намояндагони ВАО дар инъикоси воқеии фазои иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз он ҷумла ноҳияи Ёвон, саъю талош варзида, дар амри пешрафту ободонии Ватан нақши муассир мегузоранд.