Чорабинии сиёсати шуғл-ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ

  • Posted on: 14 February 2020
  • By: korbar

     Ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо мақсади мусоидат оиди бакортаъминкунӣ шаҳрвандони бекору корҷу, аз он ҷумла муҳоҷирони меҳнатии аз хориҷи кишвар баргашта   ҷалби касбомӯзии ҳунарҳои мардумӣ, шуғли муфид, тавассути қарзҳои имтиёзнок ҳарчи бештар ба кор таъмин намудани ашхоси бекору корҷу, муҳоҷирони меҳнатии ба хориҷи кишвар раводид надошта дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Ситораи сурх доир гашт.

     Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагии 16 корфармоён дар самти бозори меҳнат бо пешниҳоди умумии 132 ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид.

     Дар чорабинии мазкур  раиси ҷамоати деҳоти Ситораи сурх Ғафорзода А.А, раиси кумитаи иттифоқи касабаи  соҳаи кишоварзӣ Ғафуров Ҳ, мудири бахши муҳоҷират дар ноҳия Назаров З.Т. иштирок ва суханронӣ карданд.

    Шумораи умумии иштирокчиён дар ин ярмарка 230 нафар, роҳхатгирифтагон  18 нафар, ба кор таъминшудагон 16 нафарро ташкил дода, аз ин ҳисоб 11 нафар занон ва 5 нафар ҷавонон мебошанд.    

          Инчунин дар рафти ярмарка муроҷиати 10 нафар ашхоси бекор барои касбомӯзӣ ва 3 нафар оиди кори фардӣ  ба қайд гирифта шуд.

Дар рафти ярмарка бо мақсади дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳарчи бештар ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат аз ҳисоби захираҳои меҳнатии ба бозори меҳнат воридшаванда, бекорону корҷуён ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ, касбомӯзӣ ва корҳои хонагии худиштиғолӣ, пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунии майл ба ифротгароии бархе ҷавонон, гароиши ақидаҳои зиддиисломӣ, худсӯзию худкушӣ ва одамфурушӣ бо иштирокдорони ярмарка суҳбати ошкоро доир гардида, бобати бархурдор будан аз таъминоти кафолатҳои иҷтимоии давлат ҳангоми гирифторӣ ба беморӣ, қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ, бекорӣ, муқарароти қонунгузории ҷорӣ фаҳмонида шуда, бобати пешгирии шуғли ғайрирасмӣ, мусоидат дар бокортаъминкунии ашхоси дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз адои ҷазои ҷиной озодгардида ва гуруҳҳои осебпазири ҷомеа тавсияҳо дода шуд.

Дар ярмарка раисони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоат шуъбаи кадрҳои “Баракат”, ”Ёвар” ва  Раёсати комуналию манзилӣ, идораи беҳдошти замин, шуъбаи маориф,КАТС, беморхона  иштирок доштанд. Рафти ярмарка тавассути сомонаи расмии МИҲД www.yovon.tj ва рӯзномаи ноҳиявӣ инъикос мегардад.