Хизмат ба Ватан шараф аст

  • Posted on: 14 February 2020
  • By: korbar

Артиши миллӣ мактаби шуҷоат ва мардонигист. Ҳар як ҷавон вазифадор аст, ки дар ин мактаб сабақ омӯхта, таҷрибаомӯзӣ карда, ҳамчун фарзанди бонангу ори Ватан ба камол расад. Маҳз дар хизмати ҳарбӣ ҷавонон дарси шуҷоат омӯхта, дар машқҳои ҳарбӣ обутоб меёбанд, ба қадри Ватан, падару модар, сарзамини аҷдодӣ ва қадру қимати ҳар ваҷаб хоки диёр мерасанд. Дарк мекунанд, ки онҳо ҳомии Ватан ҳастанд ва ояндаи давлату миллат аз далериву матонати онҳо вобастагии зиёд дорад.

Ҳангоми хизмати аскарӣ саҳари барвақт аз хоб хестан, машқи пагоҳирӯзӣ кардан, давидану паридану ҷаҳидан, бо низоми қатъӣ ҳамроҳи ҳамсолони машқдидаи худ пушти мизҳои ошхонаи аскарӣ нишастану наҳорӣ намудан, дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз аз афсарони таҷрибадор дарси ҷасорат омӯхтан, дар машқҳои ҷангӣ худро санҷидану дасту бозуи худро пурқувват сохтан ҷавонро пухта мекунад, ҷисму рӯҳашро нерӯи нав мебахшад ва ӯро ба зиндагии бошарафона омода месозад.

Зиндагӣ пастию баландӣ, шириниву талхӣ, комёбиву нокомиҳо дорад. Ҳар нафаре, ки дар зиндагии худ аз МАКТАБИ ҶАВОНМАРДӢ, яъне хизмати аскарӣ гузашта бошад, ҳеҷ гоҳ дар пастиҳои зиндагӣ дарнамемонад, аз талхиҳои зиндагӣ ғамгин ва аз нокомиҳои зиндагӣ ноумед намешавад. Зеро ин мактаб зинаи асосии ҳаёт аст, ки барои гузаштан ба зинаҳои дигари зиндагӣ ба мо кумак мекунад. Мактаби ҷавонмардӣ мактабест, ки сабақу таҷрибааш пур аз ҳикматанд. Ҳикмате, ки зиндагии шахсро ширину гуворо месозад. Ҳар касе, ки дар ин мактаб таҷриба андӯхтааст, шарафманд, далер, ҷасур, бовиқор аст ҷисми солим ва рӯҳи шикастнопазир дорад. Аммо ҳар касе, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардааст ва сабақи мардонагӣ наомӯхтааст, беиродаву беҷуръат мешавад, ба мисли оне, ки ду сол дарси ҷавонмардӣ гирифтааст, ҷисман ва рӯҳан обутобёфта нест.

Пас, ҷавонони гиромӣ, аз ин Мактаби далериву шуҷоат саркашӣ накунед, зинаи асосии ҳаётро сарфи назар накунед, сарбаландона ба сафҳои Артиши миллии Тоҷикистон дохил шуда, ҷисму ҷони худро обутоб диҳед, фарзандони бонангу ори падару модар ва Ватани маҳбуби худатон бошед.