Омилҳои пешгирии  бемории коронавируси нави 2019- nCoV

  • Posted on: 13 February 2020
  • By: korbar

Сиҳату  саломатии омма  пешбарандаи ҷомеъаи  солимро гувоҳӣ медиҳад. Имрӯзҳо ҷомеъаи башарро бемории коронавируси нав 2019- nCoV ба ташвиш овардааст. Оиди мубтало гаштан ба ин навъи вирус дар тамоми шабакаҳои интернети гуфтаҳо бениҳоят зиёданд. Сирояти коронавирус ин бемории шадиди вирусии антропозоонозӣ буда, бо роҳҳои ҳавоию қатрагӣ ва тамосӣ бо асбоби санҷишӣ сироятпазир мебошад, ки бо осебпазирии роҳҳои нафас  варами шадиди респираторӣ вааллергияи шадид оварда мерасонад.Аз инрӯ мебояд оиди пешгирии ин бемори сухан гуфт. Воситаи дақиқи гузаштани коронавируси нав маълум нест, аммо вирусҳои омӯхташуда тариқи ҳавои- қатрагӣ аз одам ба одам мегузарад.

Сарчашмаи бемории коронавирус ҳайвонҳои хонагӣ ба монанди“саг, гурбаҳо, харгӯшҳо инчунини мушҳои хонагӣ, хукҳо, ва парандаҳои хонагӣ ба шумор мераванд. Яке аз роҳҳои асосии  пешгирии ин вирус риояи беҳдоштию санитарӣ ба ҳисоб меравад. Кудакони хурдсол бештар ба ин висрус гирифтор мешаванд , чунки организми онҳо хеле суст буда, ба барангезандаҳои беморӣ тобовар нестанд. Аломатҳои аввалини коронавирусин варами пардаҳои луобии гулӯ, роҳҳои нафас мебошад. Ҳарорати баланди бадан аз 380С то 400С шуда,  одам аз сулфаи хушк азият кашида бештар аз дарди қафаси сина шикоят мекунад. Давомноки сироятёбии ин бемори  5-7 шабонарӯзро ташкил медиҳад, ки организмҳои суст метавонанд дар ин марҳилаи сироятёбӣ ба ҳалокат расанд.

Ташхиси коронавирус дар асоси супоридани моеъҳои биологии организм муайян карда мешавад. Барои муайян сохтани ин беморӣ аз ташхисњои рентгенологӣ-флюрографӣ низ гузаштан ҳатмӣ мебошад, коронавирус ба бемории зуком хеле монанд буда, дар шароити амбулаторӣ бо парҳезии қатъӣ муолиҷа карда мешавад. Коронавирус бо доруҳои зидди вирусӣ табобат шуда, ватаминҳо ва дигар ғизоҳои парҳезӣ барои баланд гардонидани масъуният тавсия карда мешавад.

Ташкилоти Умумиҷаҳони тандурустӣ (ТУТ) ҳамаи самтҳои фаъолияти худро барои пешгирии ин вируси нав роҳандозӣ намуда,  коршиносон тавсияҳо ва пешниҳодҳои  худро таҳия намудаанд, ки ҳатман шўстани дастон бо собун дар њолатњои зерин њатмӣ мебошад:

  • Баъди сулфазанӣ ё аксазанӣ;
  • Ҳангоми нигоҳубини бемор;
  • Пеш аз, ҳангоми ва пас аз тайёр кардани хӯрок;
  • Пеш аз ҳӯрок хурдан;
  • Баъди ҳоҷат кардан;
  • Вақте, ки ифлосии дастон намоён аст;
  • Ҳангоми сулфазанӣ ва таби баланд, аз робитаи наздик бо дигарон дурӣ ҷӯед;
  •  Туф кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунед;
  • Агар шумо табларза, сулфа нафаскашии душвор дошта бошед, сари вақт ба духтур муроҷиат намоед.

            Пешгири аз коронавирус қабл аз ҳама баҳолати санитарӣ эпидемиологӣ ва гигиенӣ қатъиян риоя кардан, ғизоҳои гуногуни солим истеъмол кардан мебошад. Бедаҳонбандҳо (маскаҳо) гашту гузор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ хусусан дар ҷойҳое ки сироятёфтагон бақайд гирифта шудаанд ғайри имконаст. Чунки коронавирус метавонад тавассути қатраҳои ҳавоӣ аз одамони сироятёфта ба одамони солим гузарад.

            Мувофиқи сарчашмаҳои  иттилоотӣ ва расонаҳои хабарӣ имрӯзҳо тамоми сайёраи заминро эҳтимоли сироятёбӣ аз коронавирус таҳдид мекунад. Дар Ҷумҳурии мардумии Чин аз коронавирус ҳазорҳо одамон сироят ёфта садҳо одамони дигар ба ҳалокат расидаистодаанд.  

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сироятии коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд ва хушбахтона то ҳол ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамзамон дар Муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷҳои ноҳияи Ёвон оиди бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён бурда шуда истодааст.