МАҚОМИ РЕКЛАМАИ СИЁСӢ  ДАР АРАФАИ ИНТИХОБОТ

  • Posted on: 13 February 2020
  • By: korbar

     Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ дар ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, он бо муҳимияти хосса ба сифати механизми эътирофгардидаи таъмини иштироки шаҳрвандони болиғ дар ташаккул ва ё амалинамоии ҳокимияти сиёсӣ равона мегардад. Аз ин хотир давлатҳо дар раванди татбиқи ин маъракаи сиёсӣ дар доираи арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти ба миёномада, баҳри таҳкими давлат ва пояҳои иҷтимоӣву сиёсӣ, баҳри шаклгирӣ ва низоми интихобот сайъу амалҳоро роҳандозӣ менамоянд.

    Фаъолиятҳои ҷамъиятиву сиёсии инсон, муносибати вай бо равандҳои сиёсӣ, шаклу тамоилҳои идоранамоӣ ба якқатор омилҳое вобастагӣ дорад, ки маҳз инсон дар шакли фаъолияти субъекти сиёсӣ онҳоро ҳал менамояд. Дар шароити пурпечутоби тарақиёти ҷомеа, иттилоот дар заминаи мубодилаи маълумот дар шакли рекламаи сиёсӣ яке аз муҳимтарин омилҳои такондиҳандаи раванди ҷомеа ҳисоб меёбад.Дар ҳолати дурусту бехато ва мутташакилона истифода намудани иттилоот зарур аст, шароит ва равандҳои мусоиди тараккиёти коммуникатсиониро роҳандозӣ намуд. Яке аз намудҳои ҷолиб ва муҳими ин раванд, рекламаи сиёсӣ мебошад, ки он дар шароити имрӯза, муҳимтарин омили диққатҷалбкунанда дар ҳаёти сиёсии одамон ҳисоб меравад.Қабул шудааст, ки реклама пеш аз ҳама, интихоб намудани калимаҳо ва ифшои образҳост, ки бо воситаи он муттасаддӣ мақсад пеш мегузорад то ба ҳадаф таъсиргузор бошад.Вале чуноне аз таҷрибаҳо бар меояд, таъсиррасонӣ ба инсон ба воситаи сухан ва образҳо на ҳамеша ба рафтор табдил меёбад.Рекламаи сиёсӣ дар шароити имрӯза мавриди интихоби роҳу раванди сиёсӣ аз лиҳози маънӣ, ҷалбнамоӣ, мақсаду маром ва вазифаҳо чойгоҳи махсусро дар равандҳои сиёсӣ ишғол намуда, ҳамчун раванди асосӣ дар радифи муносибатҳои сиёсӣ мавқеи муҳим дорад.

     Дар асри ХХ тавассути инқилоби илми техникӣ зимни пайдоиши телефон, радио, телевизион, техникаи кампютерӣ, интернет ва фатҳи кайҳон муносибати инсонҳо ба ҷомеа хусусан сиёсат дигаргун гардид.Рекламаи сиёсӣ ҳамчун маҳфум бо диди нав ва муносибату фаъолиятҳои  ҷадид  маҳз  баъди  навгониҳои технологӣ вориди майдон шуд.Дар алоқамади бо ин мавзӯъ омӯзиши аҳамиятнокии  дараҷаи рафтори сиёсӣ ва мақоми рекламаи сиёсӣ бо муҳимияти амалияи он дар равандҳои сиёсӣ, ҳамчун имкондиҳанда, таъсиррасон арзи вуҷуд доштанаш аз аҳамият холӣ нест.Офарандаи сиёсат одамон маҳсуб ёфта, дараҷаи фаъолияти онҳо аз доштани донишҳои сиёсӣ ва  чи гуна мақсаду маром гузоштан, дар вобастагӣ ба ояндаи давлатҳо ва равандҳои минабъдаи сиёсии ҷомеа дар омезиш ва инкишоф қарор мегиранд.Дар ин замина нақши рекламаи сиёсӣ мавриди расидан ба ҳадафу мақсадҳои сиёсӣ оиди тағйири рафтори сиёсӣ дар давраи интихобот ҷойгоҳи махсусро дорост.

      Рекламаи сиёсӣ ба сиёсат робитаи ногусастани дошта, роҳандозии он барои бедор намудану инкишофи ҳисси масъулият дар равандҳои интихобот мавриди  овоз  ё райъ додан, интихоб намудани шахсият, фикри хешро баён намудан ва амалӣ намудани дигар омилҳо ба миён меояд.Аз таҷрибаи мамлакатҳои муттараққӣ маълум гаштааст, ки рекламаи сиёсӣ қисмати асосии равандҳои сиёсии ҷомеа маҳсуб ёфта, он муайянкунандаи асосии рафти интихоботҳо мавриди ишғоли  ҷойҳои номзадҳо дар ин ва ё он мансаб буда, фазои озмоиши ҳақиқати сиёсиро ба вуҷуд меоварад. Раванди рекламаи сиёсӣ хоҳ но хоҳ ба муҳит ва авзои раванди маъракаҳои сиёсӣ таъсири худро мерасонад.Яъне ин чунин маъно дорад, ки дар маъракаи интихоботӣ интихобкунандагон дар бисёр маврид дар интихоби хеш озод ва мустақил нестанд. Ба раванди фаъолияти онҳо хоҳ но хоҳ як қатор омилҳо аз қабили рекламаи сиёсӣ метавонад, таъсиргузор бошад. Ин раванд хоси аксарияти маъракаҳои интихоботӣ дар дилхоҳ давлатҳои ҷаҳон мебошад.

   Рекламаи сиёсӣ, яке аз навъҳои фаъолияти инкишофи комуникатсионӣ ба шумор рафта, мавқеи он ҳамчун таккондиҳандаи равандҳои сиёсӣ дар тамоми мамолики ҷаҳон дар шаклҳои ҷадид дар амал аст.Рекламаи сиёсӣ дар шароити кунунӣ, дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва равандҳои сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун ҷӯзъи ҷудонашавандаи ҷаҳони муосир, дар ду даҳсолаи охир мавқеи махсусро ишғол намудааст.Рӯ овардан ба рекламаи сиёсӣ тақозои муносибату муошират ва раванду таъсиротҳои голобалии ҷаҳони навин буда, он як навъи мубориза дар шаклҳои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ мебошад.Такя ба рекламаи сиёсӣ, ҳадафмандон вазифаҳои дар наздашон гузошташударо ба воситаи субъектҳои сиёсӣ амалӣ менамоянд.Онҳо ин корро хеле нозуконаву ҳадафмандона бо воситаҳои амалинамоии  ҷӯзъиётҳои реклама ба сомон мерасонанд.

Сарчашмаҳои асосии таркибии он аз илмҳои сиёсӣ манша гирифта, такя ба равандҳои иқтисодӣ фаҳмиши маркетингро ба миён овардааст.Рекламаи сиёсӣ бо мақсади гузоштани таъсир ба фаҳмишҳои оммавӣ, такя ба донишҳои сотсиологӣ, назарияҳои умумии комуникатсионӣ, омилу равандҳои  реклама, психология ва дигар намудҳои илм намуда, мақсаду маромҳои хешро амалӣ менамояд.Рекламаи сиёсӣ агар андешамандона ва ҳадафмандона тарҳрезӣ шуда бошад, он метавонад на танҳо рӯҳия, балки фаъолияти интихобкунандаро нисбат ба мақсад ва ҳадафи гузошташуда таъмин созад.Дар ин росто таъсирот метавонад пеш аз ҳама ба рафтор  дар ҳамоҳангӣ ва майлнокӣ ба интихобкунандагон  амалӣ гашта,бо ташвиқу тарғиб имконияти ҷалби бештари интихобкунандагон дар заминаи стратегияҳои ҳизбӣ ва ё номзади алоҳида руи кор биёяд.

   Моҳият ва сифатнокӣ ва муҳимияти рекламаи сиёсӣ дар вазифаҳои он зуҳур меёбад.Яъне дар мавриди зарурӣ, дар ҳолатҳои интихобот рекламаи сиёсӣ як навъ алоқаи умумиро байни намояндагони ҳокимият ва талабгорони ҳокимият такя ба ҳамбастагии қисмати зиёди аҳолии овоздиҳанда ба миён меорад.Зуҳуроти мазкур бо фаъол будани рекламаи сиёсӣ, бо ифодаи марому мақсадҳои ҳадафмандонаи қувваҳои сиёсӣ, тарзе равона мегарданд, ки интихобкунандагон онҳоро дастгирӣ менамоянд.Ин чорабиниҳо  ба фаҳмишҳои сиёсии ҷомеа таъсир расонида, онҳоро моил ба барнома ва тарзи корбарӣ равона менамоянд. Тадбирҳои андешида дар маҷмӯъ шароитҳои созгори психологии овоздиҳиро муҳаё месозанд.Бинобар ин дар аксарияти ҳолатҳо рекламаи сиёсӣ ҳамчун роҳбалад ва танзимгари идеяҳо, муаррифгари симо ва образҳо, мифҳо  ва пешвоён дар мафкура ва фаҳмишу ҷаҳонбинии шаҳрвандон иштироки фаъолона намуда, дар ин замина мувафақ низ мегардад.Рекламаи сиёсӣ дар монанди ба рекламаи молиявӣ такя ба зиёдистеҳсолшавӣ, сермаъногӣ, имконияти аз нав такроршавӣ, баланд гаштани ҳолати муассир (эмотсеоналӣ) имкониятҳои зиёди таъсиррасониро ба фаҳмиши омма равона менамояд.

   Чуноне иброз доштем вазифаву равандҳои рекламаи сиёсӣ гуногун мазмун ва серсоҳаанд.Рекламаи сиёсӣ шароити воқеии фаъолиятро фароҳам оварда имконият медиҳад, ки қувваҳои сиёсӣ мақсаду ҳадафҳои худро ба воситаи интихобкунандагон ба ҳадаф расонанд.Манфиатҷӯён мавриди амалӣ намудани рекламаҳои сиёсӣ дар интиҳо ба интихобкунада барои интихоби дуруст шароит муҳаё намуда, аз нуқтаи назари технологӣ талаботҳои таъиноткунандаро амалӣ месозанд.Дар раванди фаъолият ва амалӣ гаштани ҳадафҳо рекламаи сиёсӣ иштирокчиёни интихобот, яъне электоратро бо номзадҳо муаррифӣ намуда дар бораи фаъолияти сиёсӣ, идрок ва мавқеи номзадҳо, нисбати бартарии номзадҳо дар қиёс бо рақибони сиёсӣ, бурду бохт, дастоварду тахайюлоти онҳо маълумотҳои гуногун пешниҳод менамояд.Дар ин замина рекламаи сиёсӣ  вазифаҳои навбатиро аз қабили додани маълумотҳои оморӣ, сиёсӣ. иҷтимоӣ ва ғайра роҳандозӣ менамояд.Ин шакли кор дар навбати худ байни номзадҳо ва  ҳизбҳои сиёсӣ дар амалӣ гардонидани мақсадҳо, тавассути рекламаи сиёсӣ, рақобатро ба вуҷуд меорад.

    Рекламаи сиёсӣ – ин маҷмӯи комуникатсионие мебошад, ки бо ёрии ВАО ва дигар васоитҳо, бо мақсади таъсир расонидан ба мафкураи одамон, дар муносибати субъект ва объектҳои сиёсӣ ҳамеша дар фаъолият ва инкишоф аст.Ин субъектҳо метавонанд номзадҳо дар интихобот бошанд. Дар равандҳои гуногуни сиёсӣ инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, сиёсатмадорон, пешвоён, ташкилотҳои сиёсӣ, структураҳои давлатӣ аз қабили ҳукумат, вазоратҳо дохил мешаванд.Ба объектҳои сиёсӣ бошад; барномаҳо, воқеаҳои сиёсӣ, ҳуҷҷатҳо  ва бюджет дохил мешаванд.

Мувофиқи ақидаи сиёсатшинос Ф.Котлер  рекламаи сиёсӣ метавонад аз руи вазифа ва тасниф (классификатсия) корҳои зеринро ба ӯҳда дошта бошад; а) Маълумот – ба вуҷудории ҳисси аввалия ба объектҳои сиёсии реклама б) банизомдарорӣ – ба вуҷудории масъулияти интихобкунандагон. в) фарқкунанда- бартарияти як номзад аз номзади дигар. г) ба ёд оваранда- маҷбур намудани  ҳадаф мавриди дар ёд гирифтани номзад ва ё ҳизб, д) аз нав мустаҳкамкунӣ – бовари кунонидан мавриди интихоби дуруст.Дар ин маврид роҳандозии мақсаднок туфайли додани маълумотҳои саҳеҳ мавриди рекламаи сиёсӣ метавонад, гардиши куллиро дар мафкура ва фаъолияти сиёсии субъектҳо ба вуҷуд оварад.Ба ақидаи  М.Хидирзода реклама дар заминаи; «Иттилоот имкони таъсиррасониро мавриди ташакулёбӣ ва дарки мавқеъ бо арзишу рағбат,  оммаро ба азамату озодӣ ва инкишофёбӣ дар заминаи инфиродии рафтор таъмин ва густариш медиҳад».

Таъсири ҳамаҷонибаи ВАО дар заминаҳои ташкилӣ ва гузаронидани як қатор чорабиниҳо, мавриди алоқаи ногусастанӣ   бо аҳли ҷомеа пеш аз ҳама интихобкунандагон ва ҷалби бештари онҳо, мавкеъ ва нақши рекламаи сиёсӣ бағоят бузург аст.Аз руи нақша ва барномаҳои мукаммал амалӣ намудани рекламаи сиёсӣ, агар мақсаднок ва ҳадафмандона амалӣ гарданд, дар ин сурат ҷалби мувафақонаи интихобкунандагон ва фаъолияти номзадҳо бо ғолибияти ҳизби сиёсӣ ба фоидаи рекламакунанда анҷом меёбад.

      Дар ин росто сохтани нақшаи тақвимӣ, таъсис ва ташкили гурӯҳи ҳамфикрон мавриди дастгириҳо, сохтану омодасозии барномаи муаррифгаронаи  ташвиқоти пешво, ташкили вохӯриҳои судманд ва гузаронидани гирдиҳамоиҳо, интихоби дурусти забони баромад мавриди ташфиқоти сиёсӣ, дар давоми маъракаҳои пешазинтихоботӣ, омодасозии овезаҳои сиёсӣ, варақаҳои ташвиқотии ҷалбкунанда, таҳлили барномаҳои ҳарифон ва чандин омилу воситаҳои ташфиқкунандаи маҳсулоти рекламавӣ метавонанд, ба назар, дидгоҳ ва рафтору кирдори одамон таъсиргузор бошанд.Аз таҷрибаҳои давраҳои интихоботӣ бар меояд, ки ин раванд бо номи барномаҳои таъсиррасон маълуми умум гаштаанд.Ҳамаи ин тадбирҳо дар маҷмааи мақому васоити таъсиррасонии рекламаи сиёсӣ ба рафтори сиёсии шаҳрвандон метавонад таъсироти мусбӣ ва ё манфӣ гузорад.

    Яке аз фаҳмишҳои муҳими рекламаи сиёсӣ имидж бо маънии образи беруние, ки аз тарафи субъект бо мақсади ба вуҷудории таасуроти муайян, фикр, муносибат бо дигарон ташаккул ёфтааст, ба ҳисоб меравад.

   Дар ин раванд, имидж зиёдтар хосияти рӯзмарагиро молик буда, дар заминаи рекламаи сиёсӣ дар афкори ҷамъиятӣ тавассути воситаҳои махсус дар шакли ратсионалӣ, эҳсосотӣ, ҳиссиётӣ, зиёӣ, пурзӯр, тавоно, ҳақиқатҷӯй, мардумсолор ва ғайраҳо дар шароити ҷомеаи демократӣ ҳангоми маъракаҳои  интихоботӣ зиёдтар аз худ дарак медиҳад.Дар маркази тавваҷҷӯҳи рекламаи сиёсӣ хислату арзишҳо, симои зоҳирӣ ва ботинӣ, омодагии ҳамаҷонибаи маркетингӣ, фаъолияти бозоргонии номзад, хосияти доштани рақобатпазирӣ, пурбардоштӣ, нотиқӣ, маданияти сиёсӣ ва таҳаммулпазирӣ ҳамчун заруртарин заминаҳои фаъолият маҳсуб меёбанд.

   Махсусияти дигари имиджи коммуникатсионӣ аз он иборт аст, ки маълумотҳои ҷамъовардашуда бо назардошти қабули омма, коркад карда шуда вобаста ба пойдевори идеалогӣ ва маданияти сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, сатҳи даромаднокии интихобкунандагон, ҳолати ба вуҷуд омада ба ҳамагон расонида мешавад.Имиджи сиёсӣ – ин миёнрав байни мақсадмандони ҳадафдошта ва интихобкунандагон буда, ҳамеша мавриди дастгири қарор доштани субъектҳо ва омилҳои коммуникатсионӣ дар инкишоф аст.

  Шакли шифоҳии рекламаи сиёсӣ мавриди ҷалби зиёдтари интихобкунандагон ва дигар мақсадҳои сиёсӣ дар заминаи тагйирдиҳии рафтори сиёсӣ, имрӯз қариб дар ҳама давлатҳо мавриди истифода қарор гирифтааст.

  Дар  равандҳои ташвиқу тарғиби номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳолатҳои пеш аз маъракаҳои интихоботӣ яке аз жанрҳои заруриву аҳамиятпешаи рекламаи сиёсӣ – овезаҳои сиёсӣ маҳсуб меёбад.Ин навъи истифодаи реклама ҳамчун асари кутоҳ ва пурмазмун мавриди истифода қарор гирифта, дар он бо ҳаҷми на чандон калон бо воситаҳои тасвирёфтаи мансуб ба интихобот, аз қабили шиорҳои даъватӣ, ҷузъиётҳои муайянкунанда ва фарқкунандаи ҳизбҳо, рақами расмии ҳизб дар бюлетен, парчами ҳизб ва ғайраҳо ороиш дода мешаванд. Ҳамаи онҳо ба он равона мегарданд, ки ин тадбирҳои ташвиқотӣ тавонанд пеш аз ҳама диққати шаҳрвандонро ба маъракаи муҳими сиёсӣ ҳадафмандона ҷалб намоянд.Сониян мароми асосии ҳар овезаҳои сиёсӣ бо мақсади рекламаи хусусӣ  сурат гирифта мақсадҳои майлноки ва даъватӣ доранд.Жанри мазкур ба мақсади бодор намудаи ҳисси эмоционалии интихобкунандагон равона шуда мақсадҳо аз он иборат аст, ки пеш аз ҳама  овезаи сиёсӣ бо мазмуни баланд ва рангу ҷо ба ҷо гузориҳо  диққатҷалбкунадаву таъсиргузор бошад.Дар баробари ин тавонад ҳисси таваҷӯҳ, майлнокӣ, хосса будан, ва дигар омилҳои ҷалбнамоии интихобшавандагонро равшану возеҳ ба мақсади гузошташуда равона намояд.Баҳри ноил шудан ба ин мақсад тамоми кампонентҳои овезаи сиёсӣ бояд, пур аз маънӣ, даъват ва ташвиқи номзад ва ё ҳизби сиёсӣ  бошанд.Мавриди ин асно овезаи сиёсӣ ҳамчун рекламаи сиёсӣ дар заминаи мазмун, маънӣ, мақсад дар пешниҳодот бо дурустӣ, оммафаҳмӣ, банду баст  ва тарҳи композиционии худ дар сатҳи баланд буданаш гарави мувафаққият дар маъракаи сиёсӣ мегардад.

  Рекламаи сиёсӣ дар шакли  шиору овезаҳо дорои мавзӯъҳои даъвати таблиғоти буда, зиёдтар дар арафаи интихоботҳо, райъпурсиву маъракаҳои характери сиёсӣ дошта мавриди истифода амалӣ мегарданд.Муҳтавои ин навъи рекламаи сиёсӣ зиёдтар характери ҷалбнамоӣ ва таблиғотии ҳизбҳо ва номзадҳоро дошта, бо мазмунҳои даъват ба иштирок, таваҷҷӯҳ ба ҳизбу номзад ва гурӯҳҳои ташаббускор равона шудаанд.Ҷо ба ҷо гузории онҳо мақсаднок, дар маконҳои серодам, марказҳои маданиву маърифатӣ ва намоёну чашмрас мавриди назари бошандагон гӯзошта мешаванд.

   Яке аз намудҳои маъмули рекламаи сиёсӣ плакат ҳисоб шуда он аз асри ХV111 ба фаъолият оғоз намудааст.Плакат яке аз беҳтарин воситаҳоест, ки зиёдтар ба мафкура ва зеҳни одамон таъсир мерасонад.Аз маҳсулотҳои истеҳсоли полиграфӣ, ки мавриди ркламаҳои сиёсӣ истифода мегарданд, плакати сиёсӣ ҳамчун жанри маъмули раванди сиёсӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.Плакат метавонад ҳамчун асари рекламавӣ дар чорчубаи калон, бо маълумот ва омилҳои таъсиррасон, ки асос ва таркибашро маводҳои тасвирӣ аз қабили сурати номзад, нишонаҳо, расм, крикатура омода гардида, дар шакли додани маълумот ва ё даъват ташкил карда шавад.Плакат аз лиҳози интихоби мазмун, мундариҷа, рангҳо, андоза, мавкеъ ва бадеияту  чойгиршавиааш  мавриди ташфиқу тарғиби номзад ва ё гурӯҳи манфиатхоҳ дар заминаи рекламаи сиёсӣ ба миён оварда шуда, мақсадмандона корҳоро ба иҷро мерасонад.Ин навъи ташфиқот дар шакли рекламаи сиёсӣ авалан бояд, намоён, хоно  ва кӯтоҳу фаҳмо бошад.Плакат мавриди ҳолатҳои ифшо ва ҷо ба ҷо гузори, аз назари омодагии маълумоти омории номзад, гурӯҳи ташаббускори номзад ва ё ҳизб  гирд оварда мешаванд.

     Рекламаи сиёсӣ дар шакли плакат аз рӯи мундариҷа, характер, ҷойишғолнамоӣ, додани маълумот, мазмун, мавқеъ, рангорангӣ дар равандҳои пеш аз интихоботӣ зарур буда, зиёдтар аз ҳама ба ҷалби гурӯҳҳои гуногуни интихобкунандагон равона шудааст.Назар ба дигар шаклу намудҳои рекламаи сиёсӣ, дар вақти анҷом додани мақсадҳо, воситаи ҷой намудани пешво дар плакат имконият медиҳад, ки диққат ва ҷалби интихобкунандагон ба омӯзиш ва ошноӣ бо он зиёдтар гардида, дар маҷмӯъ ба фоидаи интихобшавнда анҷом ёбад. Дар чорчӯбаи ҳаҷман калон ҷой додани номзад барои шинохт ва хотираи интихобкунадагон хеле муҳим буда, он метавонад номзадро аз дигар намояндагони сиёсӣ, бо ҷиҳтаҳои фарқкунанда барои ҳамагон муаррифӣ намояд.Ин тарзи реклама бо таъсиргузори дар хаёл ва ботини интихобкунанда эҳсоси муҳаббату бовариро эҳё намуда, қудратманд аст, ки майлнокии аксарияти интихобкунандагонро зиёд намояд.Зеро дар баъзе мавридҳо метавонад, танҳо як овоз тақдири ин ва ё он номзад ва ё ҳизбҳои сиёсиро ҳал намояд.Бинобар ин бо таври профессионалӣ банду баст намудан ва офаридани плакат метавонад дар фаҳмиш ва дарки маънавии интихобкунанда хотираи мусбатро боқӣ гузорад.Дар раванди сиёсӣ, хусусан дар давраҳои интихоботҳо ин хеле муҳим буда, заминаҳои ҳамаҷонибаи мӯқтадирияти рафтори сиёсиро ҳамчун субъекти сиёсӣ дар такомӯл нигоҳ дорад.

   Рекламаи сиёсӣ, ҳамчун омили дигари таъсиррасон дар равандҳои сиёсии ҷомеа мавриди ташаккулёбии рафтори сиёсии омма, партретҳо дар шакли санъати ҳайкалтарошӣ ба ҳисоб мераванд.Ин яке аз намудҳои қадимаи рекламаи сиёсӣ буда бо пешниҳод намудани партретҳои сиёсатмадорон, пешвоён осори фаъолияти пурмазмуни онҳо мавриди омӯзиш ва таҳқиқ ва хулосагириҳо қарор мегиранд.Мавриди офаридани партретҳо бештар ба чеҳраҳои сиёсӣ, тарҳу тинат ва фитрату симои маънавӣ диққат дода, образҳои тавваҷҷӯҳнок ба маъракаҳои сиёсӣ пешкаш мешаванд.Ин навъи реклама хеле диққатҷалбкунанда буда, дер боз дар хотираҳои интихобкунандагон нақш баста, ба рафтори сиёсии одамон таъсиргӯзор мебошад.

   Дар заминаи пешниҳодсозии ин навъи рекламаи сиёсӣ, ки аслан расмҳо ва тасвири хислат ва симоҳои наҷиби интихобшавандагон дар он таҷҷассум меёбанд бо нишона, суроға, мансубият ба ҳизбу ҳаракат ва гӯрӯҳҳои мақсадноки сиёсӣ дар  кӯчаву хиёбонҳо  ва ҷойҳои  сераҳолӣ ва нуқтаҳои муҳими стратегӣ  ҷой карда мешаванд.Партретҳо бо ишғоли масоҳат, рангу мазмун ва бадеияту мақсаднокиаашон ҳамчун воситаи таъсиррасон дар зеҳни интихобкунандагон ҷойгӯзин мегарданд.Партретҳо ва ҳайкалчаҳо дар шакли тӯҳфа  аз рӯи мазмуну характер дар байни бошандагон мавқеъ пайдо намуда, тарафдорон ва хайрхоҳони худро дар маъракаҳои сиёсӣ пайдо менамоянд.Дар баробари рекламаи сиёсии партретҳо- суратҳои номздҳо дар шакли хурд ва чопи полиграфӣ низ, яке аз шаклҳои маъмулии  рекламаи сиёсӣ маҳсуб ёфта, аз элементҳои зарурии ин раванд мебошад.Ҷой доштани сурат дар маводҳои сиёсӣ мавзуро пурра ва  рангин менамояд.  

  Дар қатори намудҳои маъмулии рекламаи сиёсӣ,  дигар намудҳои реклама монанд ба интишори навъҳои гуногуни маҳсулотҳои палиграфӣ истифода мегарданд.Маҳсулоти полиграфӣ, ҳамчун навъи реклама аз лиҳози арзишнокӣ ва дастрасӣ барои  мизоҷон  бисёр қуллай ва самаранок аст.Онро метавонанд бо шаклҳои тақсимоти умумии аз даст ба даст, истифодаи тахтаи эълонҳо дар майдону кӯчаҳо, ширеш намудани варақаҳои ташвиқотӣ, ва аз хизматрасонии  шӯъбхои  алоқа истифода намуд,Шаклҳои рекламаҳои сиёсӣ аз қабили рекламаҳои сиёсии телевизионӣ, жанрҳои телевизионии рекламаи сиёсӣ, сатрҳои давони рекламаи сиёсӣ, бозист мавриди реклама дар вақти намоишҳои ҷолиб, рекламаи сиёсӣ дар матбуот, рекламаи сиёсии рӯи рост, овеза ва афишаҳои сиёсӣ, варақаҳои сиёсӣ, буклет ва  партретҳои сиёсӣ, интернет ва коммуникатсияҳои сиёсӣ дар шароити кунуни аз ҳама зиёдтар истифода мешаванд.

   Дар шароити имрӯза навъҳои гуногуни класификатсияи рекламаи сиёсӣ дар маҷмӯъ ва заминаҳои гуногун арзи вуҷуд доранд.Онро аз рӯи моҳияти қабул ва мақсаднокӣ ба омили (визуалӣ) ба чашм намоён ҷудо менамоянд.Ба он ҳуҷҷатҳои давлатӣ, китобҳо, журналҳо, овезаҳо, даъватномаҳо, лозунгҳо, нишонҳо, парчамҳо, атрибутҳо, муссавараҳо, дохил мешаванд.

   Такя ба равандҳои созандаи образҳо ба воситаи сабт ва паҳн намудани  садо мавқеи радио ва сабту пахши мавзӯъҳо, пеш аз ҳама мавриди рекламаи сиёсӣ бағоят ба мавқеъ аст.Радио дар заминаи пахши мавҷҳои худ бо хусусияти фарқкунанда ва саривақт расонидани маълумотҳои зарурӣ ба шунавандагон аз дигар воситаҳои иттилоотӣ фарқ карда меистад.Ин фарқият дар он зоҳир мегардад, ки мавриди тарҳрезии барномаҳои сиёсӣ-идеалогӣ ва ташфику тарғиби номзадҳо камтар вақт сарф шуда, мавод тезтар мавриди қабули шунавандагон  қарор мегирад.Аз лиҳози арзиши аслии кор нисбатан камхарҷ буда, дар он нисбати телевизион қувваи кори, энергия ва маводҳо кам  сараф мегарданд. Дар шароити кунуни таваҷҷӯҳи одамон ба радио коста гардидааст, бинбар ин роҳҳои алтернативии истифодаи садоро дар омезиши садову симо, телевизион соҳибӣ намудаистодааст.

 Дар баробари инкишофёбии садову симо  нақши кинофилмҳо, видео-филмҳо, кинохроника ва иштироки зиндаи пешвоҳои сиёсӣ, аъзоҳои ҳукумат, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои гуногун дар рекламаи сиёсӣ нақш доранд.

   Мустаҳкамшавии базаи моддиву техникии шабакаҳои телевизион барои густариши муносибатҳои нави сиёсӣ имконият фароҳам намуда, дар руҳияи тамошобинон боварӣ ва эътиқодро ба барномаҳои телевизионӣ, зиёд намуд.Хусусан мавриди намоишҳои сиёсӣ, бо офаридани образи қаҳрамонҳои оинаи нилгун дар ҳамбастагӣ бо аудитория шакли муътадили инкишофро гирифта, имконияти воқеии ногусастании муносибатҳоро дар заминаи рафтори сиёсӣ ба миён оварда онро инкишоф дод.Телевизион дар ин раванд хизматҳои бузург анҷом дода, ҳамчун миёнрав байни  сиёсатмадорон ва аҳолӣ масълаҳои муҳимро ҳалу фасл намудаистодааст. Дар ин замина майдони бузурги иттилоотӣ  ба вуҷуд омад, ки ҳамчун маркази бузурги таҳлилу таҳқиқ ва  баҳодиҳӣ мавриди интихоби электроралии интихобкунандагон ҳамеша дар инкишоф ва навгониҳо қарор дорад. Рекламаҳои сиёсии телевизионӣ на танҳо ҳамчун намуди индустрия, балки як раванди бузурги  воситаи таъсиррасони психологӣ ба тамоми аҳолӣ мебошад.Рекламаҳои сиёсӣ дар телевизион ба воситаи роликҳо, видиоклипҳо, видеофилмҳо, истифодаи сатрҳои равон ҳамчун рекламаи сиёсӣ ва намошҳои махсуси телевизиони пахш мегарданд.

    Маҳсулот дар шакли тӯҳфа ба мақсади рекламаи сиёсӣ намуди хеле ҷавони реклами сиёсӣ буда, онро дар шаклҳои қалам,байрақча, дафтар, нишон, истакон, либосҳои варзишӣ, кулоҳ ва ғайраҳо истифода менамоянд.Интихобкунанда дар вақти ламс ва дастрасии он метавонад, ҳар лаҳза ба навиштаҷоти ин ва ё он номзад ва ҳизб  бо тахайюлот дар алоқа бошад.Хотира аз ин навъи реклама мароқовар буда, хосиятҳои таблиғотии реклама ва рафтори сиёсиро дар густариш нигоҳ медорад.Интихобкунанда баъди молик шудан ба инъоми рекламавӣ як навъ қарздориро эҳсос намуда, фаъолияташ нисбати номзад мусбӣ арзёбӣ менамояад.

    Дар давраҳои интихоботӣ шахсони масъул аз тамоми раванду воситаҳо барои мувафақ  гардидани худ ва ҳизбҳояшон суиистифода менамоянд.Яке аз жанрҳои хеле кӯчак ва назарногир дар ҳолатҳои воқеии ҳаёт – афишаи сиёсӣ аст, ки аз он низ муттасадиён хеле фаъолона мавриди корбарӣ ва истифода қарор медиҳанд. Дар ҳолатҳои гузаронидани маъракаҳои ташфиқотӣ тарғиботӣ афишаи сиёсӣ мақому мазалаташ на камтар аз плакатҳои сиёсӣ аст.Фақат мавриди истифодабарии афишаҳои сиёсӣ андоза кам гардида, ҷойгирнамоии матнҳои даъватӣ зиёд мегарданд.

    Дар раванди маъракаҳои сиёсӣ, варақаҳои таблиғотии рекламаи сиёсӣ хеле муҳиму асосӣ буда, дар давраи интихоботӣ мавқеи муҳим доранд.Варақаҳои сиёсии таблиғотӣ яке аз муҳимтарин жанрҳои маҳсулоти полиграфии замони муосир маҳсуб меёбад.Жанри мазкур асосҳои раднашавандаи таърихӣ дошта решаҳои он аз давраҳои гуногуни таърихи бостонии инсоният самара гирифтааст.Дар шароити кунунӣ варақаҳои сиёсӣ яке аз асоситарин васоит барои инкишоф ва фаҳмиши равандҳои сиёсӣ, хусусан дар давраҳои муҳими интихоботӣ ҷойгаҳи махсусро ишғол менамояд.Шакли маъмулии варақаҳои сиёсӣ тарзе ба нақша гирифта шудаанд, ки онҳо аз ду тараф чоп гардида, ҳаҷман хурд буда дар он мӯҳтавои барномаҳои пеш аз интихоботӣ, маълумотҳои оморӣ, даъват ба мушахастарин фаъолият, расонидани нуқтаҳои асосии барномаҳо, ҳуҷҷатҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба мақсади расонидан ба интихобкунандагон  равона гардидаанд.

   Варақаҳои сиёсӣ бо назардошти ҷалби зиёдтари интихобкунандагон аз тарафи тароҳҳон ва зебосозон тарзе  роҳандозӣ мегардад, ки он хеле диққатҷалбкунанда ва ороству пероста буда, аз маълумотҳо ва иттилоотҳои равандҳои даъватӣ бойанд.Дар варқаҳо ҷой додани тақвими солона, харитаи шаҳрҳо бо нуқтаҳои муҳимӣ маданӣ бо нигоришҳои рангорангу диққатҷалбкунанда хоҳ но хоҳ ба муҳит ва интихобкунандагон таъсир мерасонад.Варақаҳо аз ҷиҳати маъниву мазмун, шаклу масълагузорӣ дар худ мафҳумҳои соддаву  озодандеширо таҷассум намуда, пешкаши омма гардонида мешаванд.Онҳо аз тарафи номзадҳо ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ маблағгӯзорӣ гардида, муратаб кунонида ба воситаи шахсони ташабускор паҳн ва дастраси ҳамагон кунонида мешаванд.Варақаҳои сиёсӣ аз руи мазмуну мундариҷа ва характери масълаҳои сиёсӣ метавонад, гуногунмазмун ва мақсаднок бошад.Шаклҳои маъмули варақаҳои сиёсӣ аз қабили даъватӣ, имиджӣ, муарифгарона, ташфиқотӣ, шарҳи ҳолӣ, варақаҳои дорои маълумот, варақаҳои тақдимкунанда (презентатсионӣ), варақаҳои рафъи мушкилотҳо иборат буда, вобаста ба руйдоди муносибатҳои сиёсӣ метавонанд, варақаҳои сиёсии ғаразники дорои мазмуни ҳуҷуми бе ибо ба муроқибони сиёсӣ амалан дар фаъолият бошанд.Ин шакли мубориза дар заминаи рекламаи сиёсӣ бо истифодаи варақаҳои сиёсӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

   Барои ҷалби зиёдтари интихобкунандагон гурӯҳҳои ташаббускори номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ аз маҳсулоти полиграфии рекламаи сиёсӣ аз омодасозии буклетҳои(навъи китоб, ки варақҳояшро яклухт тасмавор мепечонанд) гуногун истифода менамоянд.Яке аз намудҳои маъмули он дар варақи оддӣ дар шакли қатъгашта монанди китоб  маводҳои зарури дар шакли даъват ва маълумотҳо барои ҷалби интихобкунандагон гирд оварда мешавад.Ин навъи таъсиррасонӣ дар шакли чопӣ таҳия гардида баҳри хондану ташфиқи сиёсӣ намудани номзад барои афзояндагии диққат ва майли интихобкунандагон  равона мешавад.

   Истифодаи маводҳои китобча, ки дар худ маводҳои зиёди ташфиқоту тарғиботиро ҷой мекунад, зиёдтар образҳои пешво ва номзадҳои алоҳидаро таҷассум намуда, метавонад дар ҷамъ намудани маълумотҳои алоҳида нисбати номзадҳо, маълумотҳои омориро дар шакли тарҳу гузоришҳо роҳандозӣ намояд.

  Новобаста аз он ки дар шароити имрӯза технологияҳои иттилоотӣ бо сурът инкишоф  ёфта истода бошад  ҳам, талабот ба маҳсулотҳои полиграфӣ кам нагашта, як навъ таъсири он ба воситаи рекламаҳои сиёсӣ ба интихобкунандагон дар маъракаҳои мухталифи сиёсӣ идома доранд.Хусусиятҳои таъсироти комуникатсионии рекламаи сиёсӣ аз ҷумла ба воситаи табъу нашр дар он зоҳир мегардад, ки мақсаду маром, ҳадаф баробари омӯхтани масъла таҳлилу баррасӣ гардида, дар мӯҳлати камтарин дар доираи барномаҳои стратегии ин ва ё гурӯҳҳои ташаббускори интихоботӣ, бо фикру пешниҳодҳои мушахас ба шунавандагони алоҳида, даъвати сиёсӣ ба миён оварда мешавад.Ин даъватҳо дар шакли рекламаи сиёсӣ мақсадҳои ба низом дарории рафтори интихобкунандагонро низ доранд.

 Тараққиёти ҷомеа рушду инкишофи раванду ҳодисаҳои мухталифро тақозо менамоянд.Онҳо ба инкишофи ҷомеа таъсир расонида, худ низ комил мегарданд.Дар шароитҳои муттарақии ҷомеа интихоботҳо ба як унсури асосӣ ва зарурии сиёсат табдил ёфтаанд.Интихоби сиёсии интихобкунанда аз механизм ва равандҳои бисёр нозук иборат буда ҳар лаҳзаву замон метавонад тағйир ёбад.Дар ин ҷода мақсаду мароми идеалогӣ, таваҷуҳи он ба сиёсат, вазъи иҷтимоӣ, характери фаъолияти меҳнатӣ, ҷинс, сину сол, ҳизбият, мавқеъ ва дигар равандҳо, ки ҳамеша ҳамқадами инсон аст, ба ҳаёти минбаъдааш низ таъсиргузор мебошад.Дар вақти омода намудани рекламаи сиёсӣ ин факторҳои инсониро ба ҳисоб гирифтан ба манфиати кор аст. Ҳамин тариқ намунаи рафтори сиёсии интихобкунанда метавонад, аз табиати иҷтимоӣ, шарҳи ҳол, хусусиятҳои шахсӣ, сатҳи маърифатноки ва маданият, шароитҳои моддӣ ва маънавӣ, сину сол, таъсири муҳит вобастагӣ дошта бошад.Дар ин раванд   чигунагии мавқеи сиёсии интихобкунанда  ва ахлоқи сиёсии он аҳамияти хосаро дорост.

       Дар натиҷаи омӯзиш таҳлилу баррасиҳо, мавриди рекламаи сиёсӣ дар  раванди интихобот ва рафтори сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон, метавон чанд тадбир ва вазифаҳоро  баҳри  ҳалнамоии мушкилот ва рушд пешниҳод намуд; а)- ташкили  агентии хизматрасонии рекламаҳои сиёсӣ дар қаламрави кишвар;б)- зарурияти ташфиқот ва истифодаи рекламаи сиёсӣ барои ҷалб ва тағйири рафтори сиёсии шаҳрвандон;в)-ташкили нақша-барномаҳои махсуси фаҳмондадиҳии омӯзиши рафтори сиёсӣ дар байни ҷавонону наврасони  кишвар;г)-ташкил намудани  барнома-рубрикаи «Инсон, сиёсат ва ҷомеа» дар шабакаҳои телевизионӣ ва  рӯзномаву маҷалаҳои даврӣ; д)- дар асоси қонун муайян намудани имкониятҳои якхелаи рекламаи сиёсӣ барои ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳо;ё)- ташкил намудани озмун мавриди «беҳтарин рекламаи сиёсӣ» дар байни ҳизбҳои сиёсӣ; е)-ба барномаи таълимии синфҳои 11 ва колоджу донишкадаҳои олии кишвар ворид намудани соатҳои иловагии аз бар намудани донишҳои сиёсӣ бо супоридани санҷишҳо.

      Дарки бошууронаи ин масъла ба сатҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва садоқати роҳбарияти ҳизбҳои сиёсиву аъзоёни он нисбат ба муқаддасоти давлатӣ иртибот дошта, дар ҷомае, ки маърифати сиёсӣ ва рафтори сиёсии бошандагонаш ба талабот ҷавобгӯй нест, ҳамеша хатари ба вуҷуд омадани норозигӣ ва инқилобҳову табадулотҳои бунёдсӯз  боқӣ  монда, мушкилотҳои  гуногуни сиёсиро рӯи кор меоварад. Аз ин лиҳоз ҳадафҳои аслии рекламаи сиёсӣ барои рушди бомаром ва устувори муносибатҳои сиёсӣ, дар заминаи рафтори сиёсӣ дар ниҳоди интихобкунандагон ва бошандагони аҳли ҷомеа ташаккул додани салоҳиятҳои калидии тафаккури сиёсии зеринро метавонад фароҳам оварад;

     а) дарки ҳамаҷонибаи равандҳои сиёсӣ ва арзишҳои унверсалӣ, ба монанди адолат, баробарӣ, бародарӣ, волоияти қонун, эҳтироми тарафайн, гуногунандешӣ;

    б) малакаҳои маърифатӣ- сиёсӣ баҳри тафаккури интиқодӣ ва эҷодии шахсият мавриди муносибат дар равандҳои сиёсии ҷомеа дар  ҳаллу фасли  мушкилотҳо ва муносибатҳои сиёсӣ;

    в)  инкишофи маҳорати инфиродӣ ва дастҷамона мавриди масоилҳои печ дар печи сиёсӣ дар равандҳои сиёсии ҷомеа;

    г) ташаккули дарки воқеияти масаълаи сиёсӣ, фаҳмиш ва хулосанамоӣ аз барномаҳо, платформаҳои ҳизбӣ, марому мақсади  интихобшавандагон ва роҳандозиҳои сиёсӣ;

    д) интихоби гуногунандешӣ, дарки воқеияти раванди сиёсӣ, доштани маданияти сиёсӣ, фаъолият дар чорчӯбаи этика ва эстетика, риояи муносибатҳои демократӣ, дар асоси далелу санадхои муътамад эълон доштани мақсад, роҳ надодан ба эҳсосот,  эҳтироми рақибони сиёсӣ.

   е)Муайян ва пешниҳод сохтани бартариҳои ҳизбҳо, номзадҳо  гуруҳҳои ташабускор ва фарқиятҳои барнома ва фаъолияти онҳо.

   ё)Боварикуноннидан ва бедорсозии шавқу рағбат ба масоилҳои сиёсӣ.

  ж)Баланд бардоштани маданияти сиёсӣ ва рафтори сиёсии шаҳрвандон.

    Аз ин лиҳоз, шаклгирии маънои иттилоот, дар заминаи рекламаи сиёсӣ  бояд ростқавлона, бомаънӣ, фаҳмо, аз ёд зудуданашаванда, соддаву оммафаҳм бо баёни оддӣ мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор гирифта,он набояд бар зарари инсонҳо равона гардад.Зеро муҳимият ва воқеияти иттилоот дар он зоҳир мегардад, ки он байни номзадҳо ба намояндагони ҳокимият ва омма як навъи алоқаи асосиро ба миён оварда, робитаи бунёдиро дар заминаи ақл, шуур ва ҳуқуқҳои тарафайн дар амалишавии рафтори сиёсӣ, таҷҷасумгар аст.Аз сабаби он ки реклама дар ҳолатҳои  сиёсӣ – мухолифатӣ ва равандҳои ҷомеа руи кор омада, ногузир ҳадаф ва мақсадҳои мушахасро дорост, ба рафтори сиёсии  шаҳрвандон таъсири мусбӣ ва манфӣ мерасонад.

     Аз назари мо рекламаҳои сиёсӣ мавриди тағйир ва мукамалнамоии рафтори сиёсӣ дар равандҳои интихобот вазифаҳои зеринро бояд иҷро намояд;

1)Дар заминаи воқеият, бо дастрасии умум, мақсаднок, содда ва оммафаҳм эҷод намудани маводҳои рекламаи сиёсӣ.

2)Дар заминаи рекламаи сиёсӣ бедор намудани шуур, майлнокӣ, инкишофи  маданияти сиёсӣ, тарбияи сиёсӣ-маърифатӣ.

3)Ба нафъи бошандагон равона намудани рекламаи сиёсӣ дар заминаи иттилооти ростин ва саривақтӣ.

4)Дар асоси қонунҳои ҷойдошта ба табъ расонидани маводҳои рекламаи сиёсӣ.

5)Дар ниҳоди рекламаи сиёсӣ ҷой додани масъулият, вазифа, волоияти қонун, уҳдадориҳои  шаҳрванӣ, ахлоқ, маданият, ҳисси тафоҳум, инсонгароӣ, андешамандии сиёсӣ.

6)Ба миёнории алоқа байни интихобшаванда ва интихобкунандагон.

7)Мавриди рекламаи сиёсӣ танзим намудани идеяҳо, муаррифии номзадҳо, образҳои  роҳбарон, пешвоён ва барномаву мақсадҳо.

8) Ба вуҷуд овардани алоқа байни ҳокимият ва талабгорони ҳокимият.

9) Паҳн намудани маълумотҳои оморӣ, сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ дар фарқияту бартариҳо бо ҳарифон.

10)Омодасозии рекламаи сиёсӣ аз лиҳози маънӣ, рангорангӣ, мақсаднокӣ, масаълагузорӣ, сертаваҷҷӯҳӣ, саривақтӣ,ҳадафмандӣ.

11)Интихоби ҷои мувофиқ, мавқеи мувофиқ ва вақти мувофиқ.

Мақсади ҳама намудҳои рекламаи сиёсӣ ба вуҷудории фаъолият ва масъулият дар ниҳоди одамон аст.Ин раванд дар муддати кӯтоҳ, вақти муайян бо нерӯмандӣ ва тахайюлоти ҷадид  иҷро мегардад.Ҳамин тавр, мақому ҷойгаҳи рекламаи сиёсӣ, дар равандҳои интихоботҳо на танҳо ба рафтори сиёсии шаҳрвандон, балки ба рушду нумӯъи ҷомеа таъсири мусбӣ расонида ба имиджу фаъолияти одамон ҳамеша таъсиргӯзорӣ менамояд.

 

 Собиров Сафаралӣ, Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, Ноҳияи Ёвон.