“Тоҷвирус”   ҳамаро ба ташвиш овардааст.

  • Posted on: 12 February 2020
  • By: korbar

 

                    Ҳоло мо дар мамлакати Чин ҳузури бемории нави вирусии бо ном «тоҷвирус» ё «вируси тоҷдор» мебинем, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) - ро хавотир кардааст. Ин вирус соли 1965 кашф шуд. Номи лотинии ин вирус Coronaviridae – аз оилаи тоҷвирусҳо буда, то соли 2020 - ум 39 намуди он маълум аст, ки дар 2 зероила: Letovirinae df Orthocoronavirinae муттаҳид мешаванд. Бо таснифи Балтимор ин вирус аз геноми як занҷираи якқатораи РНК – и мусбат (+) иборат аст.
          Точвирус одам, гурба, паррандаҳо, саг, ҳайвоноти калони шохдор, хук, заргушхоро  касал  мекунад.
          Номи вирус диққатҷалбкунанда аст. «Тоҷвирус» ба хотири он ном гузоштаанд, ки геноми ин вирус (геном – маҷмаи маводҳои ирсӣ) бо капсиди сафедаву чарбдори монандии сари сузанаки хордор иҳота шудааст, ки ба тоҷ монандӣ дорад. (Капсид ин пардаи болопуши вирусро меноманд).
          Тоҷвирусҳо узвҳои роҳҳои нафас, ҳозима ва асабро бемор мекунанд. Штамми вируси роҳҳои нафас 0С38, 0С43 ва аз шикам 229Е аст ва тоҷвируси нави Ухан (шаҳри маъмуриятии музофоти Хубэйи мамлакати Чин), ки ҳоло дар шаҳри сераҳолии Ухани Чин рух зада аст, аз тарафи ТУТ чун 2019-nCOV ном гузошта шуд.
          Моҳи декабри 2019 хурӯҷи бемории илтиҳоби шуш дар бозори маҳсулоти моҳпарварӣ авҷ гирифт ва якум бор дар тесткунии ҳомуз (кислота)-и нуклеинӣ намунаи мусбат аз бемори илтиҳоби шуш (пневмония) гирифта шуд. 20-уми январи 2020 дар музофоти Гуандуни Чин гузариши ин вирус аз одам ба одам исбот гардид. Қариб 1000 одам сироят шуда, 26 нафари он вафот кардааст. Бо маълумоти то 24-уми январ як ҳолати табобати бомуваффақият аз 2019-nCOV ба қайд гирифта шудааст.
           Аломатҳо (симптом)-ҳои ин беморӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ё Синдром (маҷмаи аломатҳои беморӣ)-и вазнини шадиди роҳҳои нафас монанданд. Давраи инкубатсионӣ (то рух задани аломатҳои беморӣ) 6 -12 рӯз аст. Агар вирус аз одам ба одам гузашта бошад давраи инкубатсионӣ аз 5 рӯз зиёд нест. Аз ин вақт зиёд нишондоди сироят шудан аз ҳайвонот аст. Таҳлилҳои пешакӣ нишондоди онанд, ки мубталошавӣ ба беморӣ (контагиозность) дар холати мубошират бо бемор хело баланд аст.

           Зинаи баъди инкубатсионӣ аз бемории шадиди роҳҳои нафас сар шуда, оқибати он норасоии нафасгирии зудрави беназорат (дистресс-синдроми роҳҳои нафас) мебошад, ки сабаби марг хисобида мешавад.
          Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки сарчашмаи тоҷвирус маҳсулоти муши парон ва мори хитои ҷанубӣ будаанд, ки геноми онҳо ба геноми тоҷвирус монанданд. Рекомбинатсияи гомоглитӣ (мубодилаи нуклеотидҳои геном дар хромосомаҳои монанд) байни мори хитои ҷанубӣ ва муши паррон ба вуқӯъ омадааст, чунки морон муши парронро шикор мекунанд ва ҳамин тавр ба якдигар муросои вирусӣ кардаанд. Ин навъи маҳсулот гушти муши парон ва мор дар бозори маҳсулоти моҳии шаҳри Ухан ҳамчун ғизои экзотикӣ фурӯхта мешудааст.
           Олимони Донишгоҳи Сан-Паулу исботи тадқиқотгарони чиниро басанда намеҳисобанд, вале вирусологи донишкадаи Пастери Шанхай - Цуй Цзе исботи он намудааст, ки дар хурӯҷи пневмонияи атипикӣ байни мушҳои паррони солҳои 2002-2003-юм чунин тоҷвирус муайян шудааст. Олимони дигари Хитой тахмин мекунанд, ки сабаби пайдоиши ин беморӣ мушҳои парронанд, ки геноми онҳо ба геноми тоҷвирус 96 % якхелаанд.
            Пешгирӣ ва табобати ин беморӣ:
ТУТ тавсия медиҳад:
-шустани тез-тези дастон бо собун ва маҳсулотҳои спиртдор
-дар ҳолати сулфа ва атса даҳону биниро бо руймолчаи дастӣ пӯшонидан
-камтар мубошират кардан ё манъ кардани  он бо беморони табу хунуксармо дошта
-манъи истемоли маҳсулоти гушти ҳайвонии нодуруст пухта шуда
            Табобати хусусии бемории тоҷвирус ҳануз коркард нашудааст ва он табобати бартарафкунии аломатӣ ва пурзуркунии қувваи масуният аст, вале табибони чинӣ дар январи соли 2020 усули табобати нави илтиҳоби шушро, ки тоҷвирус ба вуҷуд меорад, нашр кардаанд: бо роҳи оксигенатсияи  экстракорпоралӣ;  серкунии  хун аз кислород (оксигени ҳаво).

Чумхурии Точикистон хамсояи дарбадевори мамлакати Чин аст ва имконоти сироятшавии шаҳрвандони мо зиёдтар аст. Аз хар яки мову шумо пешгирии ин бемори вобастагии бевосита дорад.

Вазорати Тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон барои пешгирии ин беморӣ  чораҳои зарурӣ  андешида истодааст.
               Дӯстони азиз, риояи фарҳанги ғании миллии мо дар одоби муошират ва бедошту пешгирии бемориҳо беҳтарин марҳам ва даво аст.

             Машқҳои  равонии мо беҳтарин пешгирии бемориҳо ва беҳдошти зиндагист.

Ғизоҳои табиӣ бақувваткунандаи масуниятанд.

Дар ҳолати бемор шудан тез ба духтури оилавӣ муроҷиат кунед.

 

Яқубова Саида Хайруллоҷоновна, муовини директор оид ба корҳои таълимии «Коллеҷи технологӣ фармасевтии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ёвон.