“Самараи умри деҳқон”

  • Posted on: 10 February 2020
  • By: korbar

На ҳар одам чу деҳқон хоксор аст,

Бар замин меҳнату устоди кор аст.

Ҳама рӯз аз паи кишту кори худ,

Ба мардум ҳам дӯсту ҳам ғамхор аст.

Барои амалишавии Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Хатлон намоиши ниҳолҳо таҳти унвони “Самараи умри деҳқон” баргузор гардид, ки чорабинии мазкур мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо СИПОСНОМАИ Комиссияи тадорукоти Вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020, № 1 сарфароз гардонида шуд.