Пули мошингузар барқарор мешавад.

  • Posted on: 6 February 2020
  • By: korbar

Бо ташаббуси бевоситаи и.в. Раиси ноҳия Саидзода Ҷ. Ҳ. ва соҳибкорони маҳаллӣ имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар пули мошингузаре, ки ду қисмати шаҳраки Ёвонро ба ҳам мепайвандад, босуръат идома дорад.

ҶДММ “Наврӯз”, ки роҳбарии онро меъмори пуртаҷриба Азиз Усмонов ба уҳда дорад, ба сифати кор эътибори ҷиддӣ дода, ба нақша гирифтааст, ки тибқи талаботи фармоишгар- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар давоми соли равон ин иншооти ҳаётан муҳимро мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор диҳад.

Аз рафти сохтмон дидан карда, ҳар бинанда ба матонату меҳнати бурдборонаи устоҳои пули асосии маркази ноҳия аҳсант мехонад. Дастатон дардро набинад, бунёдкорони матинирода!