Ҷаласаи васеи назди раиси ноҳия.

  • Posted on: 27 January 2020
  • By: korbar

27 январи соли 2020 дар Кохи фарҳанги ноҳия таҳти раёсати и.в.Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҷаласаи васеъ доир гардид, ки дар он муовинони раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроия, дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва имомони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақта ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

 

И.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 20 январ дар маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2019 баён гардида буданд, изҳори назар намуда, аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои онҳо масъулиятпазир бошанд ва барои ислоҳи он камбудиву норасоиҳое, ки дар фаъолияти соҳаҳо дар соли 2019 ҷой доштанд, тадбирҳои муассир андешида, бо мақсади ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар соли 2020, аз ҳама шароиту имкониятҳо самаранок истифода баранд.

 

Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо, директорони мактабҳо, ходимони дин вазифадор карда шуданд, ки барои муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ гузаштани интихоботи вакилони халқ ҳиссагузор бошанд ва бо ин мақсад дар миёни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷоннок намоянд.

 

Зикр гардид, ки бинобар сабаби нокифоя будани сатҳу сифати чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар миёни ҷавонон, соли гузашта масъалаи ба сафҳои Артиши миллӣ сафарбар намудани шаҳрвандон бо мушкилӣ ба сомон расонида шуд. Аз ин рӯ, ба ҳама масъулин ва фаъолон дастур дода шуд, ки бо ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногунмазмуни таблиғотӣ, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас саъю талош варзанд. Дар ин робита, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имсол бо мақсади ба касбомӯзии ройгон фаро гирифтани ҷавонон қабл аз сафарбарӣ ба хизмати аскарӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ хоҳад кард (ёдрас мешавем, ки пеш аз ҳар мавсими даъват ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ 60 нафар ҷавонон дар назди ТҶ мадагори мудофиа касби ронандагӣ меомӯзанд ва имсол бо амалӣ гардидани тадбирҳои дахлдор теъдоди онҳо то ба 100 нафар хоҳад расид).

 

Ба муовинони соҳавӣ, масъулини соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кор бо занон ва ҷавонон барои татбиқи саривақтии стратегияву барномаҳои давлатӣ, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дар хотимаи ҷаласа таъкид карда шуд, ки маъракаҳои муҳимми сиёсии дар соли 2020 банақшагирифташуда ва истиқболи сазовор аз ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва заҳмати садоқатмандонаро талаб менамояд. Аз ин ҷиҳат, фаъолон масуланд, ки дар амалисозии ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду тарақии диёр саҳми босазо гузоранд.

 

“Зарур аст, ки ҳар яки мо корҳои ободонию бунёдкориро аз манзилу ҳавлии худамон оғоз намуда, барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи фарзандон ва барои наслҳои оянда ба мерос гузоштани мулки ободу пешрафта, бештар аз пештара заҳмат кашем”- зикр намуд сарвари ноҳия дар анҷоми маҷлис.

 

Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди ноҳия ҳар як сокини диёр метавонад бо саволу дархост ва пешниҳодҳои худ тавассути сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, инчунин Viber, Messenger ва WA Business дар шумораи (992) 901 21 51 07 ба и.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ. Ҳ. муроҷиат намояд.

 

Ҳамдиёри азиз, ободӣ ва рушди диёр аз ману ту вобастааст.

Мо қодирем, ки мулки худро боз ҳам ободу зеботар гардонем.

Ба хотири рушди Ватан бетараф не, балки созандаву бунёдкор бош!