Ҳар ваҷаб хоки Ватанро бояд ба баҳои ҷон ҳифз кунем!

  • Posted on: 25 January 2020
  • By: korbar

Ҳодисаҳои охирине, ки даҳаи якуми моҳи январи соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд, ҳамчунин пахши як интервю аз забони як афсари мустаъфии соҳаи амнияти Қирғизистон гувоҳи онанд, ки ҳамсояҳои “муҳтарам”-и мо боз ягон нақшаи шуме доранд, ки сарчашмаи он аз дилу нияти нопок сар мезанад.

Рафтори қирғизҳо монанди он аст, ки “мӯш бо думи шер бозӣ карданро дорад”. Мардуми тоҷик табиатан мусолиҳакор аст, аммо агар лозим шавад, дар ивази ҳар ваҷаб хоки ватани аҷдодияш ҷонашро ба гарав мегузорад! Ҳукумати Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик ҷонибдори онанд, ки мушкилоти марзӣ бояд сари мизи маслиҳат ҳал карда шаванд ва ин кор бояд ҳарчӣ зуд анҷом ёбад.

Аммо рафти воқеаҳо нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғизистон аз ин усул кор гирифтанӣ нест. Онҳо аз ҳудуди кишвари мо барои худашон ҳисса талаб доранд, ки ин мулоим карда гӯем, кирдори номардона ва феъли густохона аст.

Ба чунин тарзи рафтор бояд ҷавоби муносиб дод. “Бардор ба оҳан оҳани тофтаро!”