Тоҷикон аз меҳр ороянд дастархони худ, Бо муҳаббат дӯстонро гирди он меҳмон кунанд.

  • Posted on: 25 January 2020
  • By: korbar

Дар ноҳияи Ёвон даври якуми Озмуни дастархонороӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

Кадбонуҳои пурҳунари ноҳияи Ёвон бо пешниҳоди дастархони пурнозу неъмат, ки аз қурутобу шакароб, ширбиринҷу ширкаду, шавлаи баширу гардсӯз, умочу рубич, чанголиву фатирмаска, суманаки дегву дедонӣ; навъҳои рангоранги маҳсулоти хамирӣ, аз қабили кулчаҳои хурду калони тӯйӣ, нони тунук, гирдача, фатир, фатири қаламагӣ, сатрӣ, тобагӣ, таҳмол, қалама, кулчақанд, орзуқ, чагалдак, чалпак, сузма, сала, самбӯсаи варақӣ; хӯришҳои мухталифи бомазза мураттаб гардида буд, дар эҳё намудани анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва сарфакорона оростани дастурхон ҳунари воло нишон доданд.

и.в.Раиси ноҳия Саидзода Ҷ.Ҳ. ба ғолибони озмун диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуд:

миёни ҷамоатҳо: ҷои 1-ум- деҳоти Ҳ.Ҳусейнов; 2-юм- деҳоти Г.Юсуфова; 3-юм-  шаҳраки Ҳаёти Нав;

миёни ташкилоту муассисаҳо: ҷои 1-ум- Коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ; ҷои 2-юм- филиали Амонатбонк; ҷои 3-юм- Литсейи касбии техникӣ.