Сайри Ватан бо дӯстон.

  • Posted on: 22 January 2020
  • By: korbar

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгӯйи сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба муқаддасоти миллӣ, таъриху маданият ва арзишҳои миллат муносибати навро тақозо мекунад. Тарбияву саводноккунонии ҳар шаҳрванди шоистаи Ватан мақсади асосии соҳаи маориф буда, тавассути ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми муқаддасот ва омӯзиши таърихи қадимаи халқ, истифодаи самараноки комёбиҳои илми муосир ба даст меояд. Мо ҷавонон низ чун дигар аъзоёни ҷамъияти кишвари хеш пайравони Пешвои миллат ҳастем ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар канор намонда, ҳамроҳи дигар кормандони соҳоти гуногун бояд ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.

Рӯзи 21 январ аз ноҳияи Ёвон сӯи шаҳри бостонии Кӯлоб роҳ гирифта, то расидан ба ин гӯшаи зебои диёрамон, шоҳиди сеҳрангезиҳои зимистонаи табиат ва рушди бемайлони шаҳру деҳоти дар ин масир ҷойгиршудаи Хатлонзамин гаштем.
Тамошои Маҷмааи фарҳангии Ҳулбук, пазироии самимонаи хидматгузорони ин даргоҳ, шарҳу эзоҳи таърихи шоҳони Хуталон аз забони номзади илми таърих акаи Абдуллоҳ Раҷабович, бароямон хеле писанд афтод ва пеши назарҳо гузаштаи се-сеюнимҳазорсолаи аҷдодамонро ба ҷилва овард.
Ҳулбук – номи шаҳрест, ки дар 7 километрии шимолу шарқии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Шаҳрак, ки имрўз қариб пурра зери иншооти сохтмонии муосир мондааст, майдони бузургеро ишғол менамояд, ки қисмати марказии он ба 70 гектар баробар аст.

Корҳои ҳафриётии шаҳристони Ҳулбук тасаввуроти моро дар бораи санъати меъмориву ороишии асримиёнагии Осиёи Миёна ба таври куллӣ дигаргун месозад. Беш аз панҷ ҳазор намунаҳои маҳсулоти ҳунармандии кандакорӣ, аз ҷумла лавҳаҳои пурнақшу нигор ва гаҷкоришуда дарёфт шудааст. Дар намунаҳои маҳсулоти аз шаҳристони Ҳулбук дарёфтшуда, нахустин лавҳаҳои ба мавзўи набототу ҳайвонот бахшидашуда ва катибаҳои дар сари қабр гузошташуда пайдо  карда шудааст

Аз ин ҳама пешрафту шукуфоии Ватан болидаву шукрона карда, мо бори дигар боварӣ ҳосил кардем, ки Тоҷикистони маҳбубамон таҳти роҳбарии фарзонафарзанди худ Эмомалӣ Раҳмон рушди бемайлон мекунад ва ҳатман дар ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои мутараққии олам табдил хоҳад ёфт.