Сада ҷашни мулуки номдор аст.

  • Posted on: 19 January 2020
  • By: korbar

Ба истиқболи ҷашни бостонии Сада дар Боғи «Ғалабаи» шаҳраки Ёвон чорабинии калони фарҳангӣ бо иштироки раиси ноҳия Саидзода Ҷ. Ҳ. ва дигар фаъолон баргузор гардида, дар он таҳти унвонҳои Тоҷикон мардуми меҳнатдӯст ва ҳунарманду санъаткоранд, Ҳунарҳои миллӣ – ёдгори ҷовидони таърих, Лаззате дорад нишастан гирди хони тоҷикӣ, Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст, Гар бихоҳӣ умри ҷовид, як ниҳоле сабз кун, Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Сада-ст..., Файзи дастурхони мо аз нуқлу нони тоҷикист намоишгоҳҳои пурмазмун ва рангини ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кашидадӯзию, чеварӣ, бофандагию ресандагӣ, рассомию кандакорӣ, кадбонугӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо, ҳунарҳои пазандагӣ ба маъраз гузошта шуданд.

Аз чеҳраҳои хандони ҳар як иштирокчии ин ҷашн аён буд, ки сокинони ноҳияи Ёвон аз мазмуну муҳтавои ҷашни Сада ба хубӣ огоҳанд ва таҷлили онро бо хушҳолӣ мепазиранд.

Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, ҳамчун рамзи бузургдошти Офтоб, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Навруз таҷлил карда мешуд. Ҷашни Сада рамзи рафтани нимаи зимистон аст, ки ба мардум муждаи баҳорро меоварад ва деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.

Самараи истиқлоли кишвари маҳбубамон Тоҷикистон аст, ки суннатҳо ва анъанаҳои арзишманди аҷдодамон, аз ҷумла иди ба гӯшаи фаромӯширафтаи Сада эҳё шуданд.

Ба истиқболи ҷашни Сада дар Боғи “Ғалаба”-и шаҳраки Ёвон чорабинии идона баргузор гардида, гӯшаҳои “Маҳсулоти кишоварзӣ”, “Ниҳолҳо”, “Гулу гулбуттаҳо”, “Ҳунарҳои мардумӣ” ва “Дастархони пурнеъмат” ба маъраз гузошта шуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ барномаи консертии ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия таҳти унвони “Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз” манзури ҳозирин карда шуд.