Ҷарроҳии нодир дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон.

  • Posted on: 18 January 2020
  • By: korbar

Ҷавони сохтмончӣ аз баландии 4 метр бо сар ба замин меафтад ва ӯро дар ҳолати вазнин ба шуъбаи ҷарроҳӣ меоранд. Табибон баъд аз ташхис ҷарроҳии нодири краниоэктомияи резексиони устухони фарқу чакка аз тарафи чап бо гирифтани гематомаи эпидуралӣ-субдуралӣ ва дохилимағзӣ, пластикаи сахтпарда бо фатсияи рон мегузаронанд. Ҷарроҳӣ хеле душвор гузашта, 6 соату 30 дақиқа идома кард ва бемор тавассути таҷрибаву кордонии табиби ҷавон Асрори Нуриддин наҷот ёфт.
Дар ин ҷарроҳии нодир мудири шуъбаи ҷарроҳии тоза Ғаюр Азимов, духтури интернаи шуъбаи шикастабандӣ Садам Миров ва духтури эҳёгар Ашур Холов иштирок варзида, матонати бемисл нишон доданд.
Табиб-ҷарроҳи асаб Асрори Нуриддин соли 2015 бо роххат ва дастгирии сартабиби БМН Ёвон Халилов Бурҳониддин ба ординатураи клиникӣ, ба кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта рафта, таҳти роҳбарии номзади илмҳои тиб Раҳмонов Хуршед Ҷамшедович ва мудири кафедра доктори илми тиб Бердиев Рустам Намозович нозукиҳои касбашро азхуд мекунад.
Асрор давоми як соли кор дар беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон зиёда аз 40 ҷарроҳии майнаи сар гузаронидааст.
Айни замон ӯ бо ҳамроҳии устодаш Раҳмонов Х.Ҷ. ҷарроҳиҳои чураи сутунмуҳра мегузаронад ва дар ин ҷода низ муваффақ гашта истодааст.
Аҳсант табиби ҳозиқу ҷавон АСРОРИ НУРИДДИН! Рӯҳи Сино мададгорат бод